ҲАРЗАГӮЙИҲОИ НАҲЗАТИЁН НАЗДИ ХОҶАГОНАШОН

Дар нишасти солонаи САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Полша баргузор гашт, хоинони ватан ва ифротгароёну террористони наҳзатиён иштирок доштанд. Чӣ тавре, ки пештар гуфта будем, гурӯҳҳои экстремист, мисли “Гурӯҳи 24” зери чатри наҳзатиҳо паноҳ бурда, дар ин нишасти САҲА иштирок ва суханронӣ карданд. Дар умум наҳзатиҳои фаришта дар ин конфронс ронҳои сафеду ғафси хонумҳоро омӯхта, баъди зиёфатҳо онҳоро ба номерҳои люкс бурданд ва бо ҳамин ҷаласаҳои нишасти САҲА ба анҷом расид. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бидонад, ки ингуна нишастҳо хусусияти душманона дошта, аз ҷониби давлатҳои Ғарбӣ, ки худро ҳомии демократия ва озодӣ ҷилва медиҳанд, ташкилу роҳбарӣ карда мешаванд. Аслан ҷаҳони Ғарб як тӯда фурӯхташудаҳо ва бевиҷдонҳои шикампарасту пулпарастро интихоб карда, чунин нишастҳоро ташкил намуда, майдонро барои сиёҳ кардани рақибони худ фароҳам меоранд. Аз сабабе, ки сол аз сол чунин нишастҳои САҲА хусусияти бадбинии якҷониба гирифта истодаанд, ҳайати аксарияти давлатҳои ҷаҳон дар он иштирок намекунанд. Ба огоҳон маълум аст, ки солҳои пеш дар ин нишастҳои солонаи САҲА сиёсати давлатҳои демократӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ин созмон бархӯрдҳои гуногун садо медоданд. Аммо солҳои охир ҷаласаҳои ин созмони бешафоат бештар ба ҷанги Ғарбу Шарқ монандӣ пайдо карда, он давлатҳое, ки ба сиёсати Ғарб муносибати душманона доранду онро қабулу эътироф намекунад, зери таҳқиру таҳвини онҳо қарор мегиранд. Бо ҳамин мақсад давлатҳои Ғарбӣ он шахсону гурӯҳҳое, ки дар давлатҳои худ амалиётҳои ҷиноятӣ анҷом медиҳанд, паноҳгоҳи сиёсӣ дода, ҳамчун мухолиф эътироф менамоянд. Вале дар асл ҳар як аъзои чунин гурӯҳҳо экстремисту террорист буда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят хатарнок мебошанд. Ин аст, ки давлатҳои Аврупо аъзоёни ТЭТ “ҲНИ” ва ТЭТ “Гурӯҳи 24”-ро дар ҳудудҳои худ қабул карда, бо онҳо ҳамчун мухолиф муносибат менамоянд. Мардуми тоҷик огоҳанд, ки ҳар як узви ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон чандин ҷиноятҳои хусусияти вазнинро содир кардаанд. Дар умум ҳамаи наҳзатиҳо экстремисту террорист мебошанд. Лекин бо сабабе, ки ин тӯдаи ваҳшиҳо ба давлатҳои Аврупо барои муддате лозиманд, онҳоро ҳамчун бозичаи худ сӯистифода бурда истодаанд. Давлату созмонҳои аврупоӣ барои наҳзатиҳо пулу мол дода, грантҳои бебозгашти чандин миллионаро ҷудо карда, барои зисту зиндагонӣ ва кору фаъолияти онҳо шароит фароҳам овардаанд. Ба ивази ин наҳзатиҳо шабу рӯз вазифадоранд, ки ватану миллату давлати худро дар интернет ва фазои иттилоотӣ назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо маълумотҳои бофтаву сохта сиёҳ намоянд. Ин аст, чеҳраи аслии ҳар як наҳзатии фурӯхташуда ва худбохтаи дар Аврупо қарор дошта. Аммо бояд гуфт, ки ягон наҳзатӣ ва бистучорӣ чеҳраи аслии мардуми тоҷик набуданд ва нестанд. Он нафароне, ки дар нишасти САҲА иштирок ва суханронӣ карда, давлати моро назди намояндагони кишварҳои дигар бо дурӯғҳои худ сиёҳ карданд, аслан зану фарзанд, ҷияну домодҳои саркардаи наҳзатиён М.Кабирӣ буданд. Яъне, як авлоди хоину худфурӯхта дар Аврупо сарпаноҳи маҷбурӣ гирифта, ба ивази пулу моли душманони давлати мо зисту зиндагонӣ карда, супоришу ҳидоятҳои онҳоро бечуну чаро иҷро намуда, аз худ гӯё ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик нишон дода, мехоҳанд, аз номи мардуми тоҷик баромад намоянд. Аз ин рӯ, ин тӯдаи худбохтаи авлоди М.Кабирӣ дар ягон ҳолат чеҳраи мардуми сарбаланди тоҷик буда наметавонанд. Ягон тоҷику тоҷикистонии даҳ миллионнафара ба ин тӯдаи хоин ҳуқуқи аз номи онҳо сухан гуфтан надодааст. Пас ҳар як ҷумлаи наҳзатиҳо дар ингуна ҷаласаҳо хиёнат дар назди ватану миллати худ мебошад ва онҳо оянда барои ин хиёнати худ посух хоҳанд дод.

Суҳроби Рустам, сиёсатшинос

 

Ҳеҷ овозе нест