МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ «ҲУҶҶАТҲОИ ТАКЯГОҲӢ» ҚАТЪӢ, УСТУВОР ВА БУЗУРГ АСТ!!!

Абдуллоҳи Раҳнамо: “Баҳси ҳуҷҷатҳо дар масъалаи марз: ё «ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади байнидавлатӣ» чист?"

Чӣ тавре, ки дар мақолаи пешин фикру андешаҳои худро вобаста ба бахши якуми мақолаи таҳлиливу иттилоотии сиёсатшиноси маъруф ва донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон: ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? иброз намудам, имрӯз тасмим гирифтам, ки чанд андешаи худро атрофи бахши дуюми ин мақола изҳор намоям.

Бешубҳа, яке аз сарчашмаҳои низоъ ва нофаҳмиҳо миёни ҳайатҳои расмии музокиракунанда дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ ин набудани ҳуҷҷатҳои бунёдӣ ва ё эътироф накардани санаду меъёрҳои расмии ҷониби дигар мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷониби кишвари мо як баста ҳуҷҷатҳои расмии такягоҳӣ дар масъалаи баҳси марзиро дорост, ки раванди ҳуқуқиву қонунии он аз ҷониби давлати мо эътирофу расмиёт ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ба таври мушаххас, асоснок ва устувор сарчашмаи такягоҳии расмиву таърихии бузург дорад. Чӣ тавре, ки худи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин маводи таҳлилӣ бо як боварии комил эълон медорад, ки “мувофиқи назари Тоҷикистон, ки асоси қавии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ дорад, «ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар» танҳо он ҳуҷҷате мебошад, ки тамоми раванд ва расмиёти (протседураи) тасдиқи расмии сатҳи давлатӣ ва байнидавлатӣ дар масъалаи сарҳадмуайянкуниро гузашта, ҳамчун санади расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар эътироф шуда бошанд".

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қирғизистон он ҳуҷҷату санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра имзо шудаанд, дар раванди гуфтушунидҳо ва муайянкунии хатти сарҳад ба онҳо такя карда, мавриди асос қарор медиҳад. Вале бояд таъкид кард, ки он ҳуҷҷат, санад ва ё созишномаву қарордоде, ки расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро, яъне аз имзову муҳри вазорату идораҳои расмиву соҳавӣ, парлумонҳо ва роҳбарони аввалу олии давлатҳо нагузашта бошанд, наметавонанд ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи ДАВЛАТӢ бошанд. Бинобар ин, он санаду ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз ҷониби Қирғизистон ба онҳо такя карда истодааст, чунин раванди дуру дарози расмии давлатиро нагузаштаанд, ҳатто агар “яке аз ҷонибҳо БА ТАВРИ ЯКҶОНИБА дар сатҳи давлатии худ қабул намуда, аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд, низ наметавонанд асоси муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ қарор гиранд".

Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин сатҳи коргузории ҳуҷҷатҳои сарҳадиро ҷонибдорӣ карда, мавқеи қатъии ҷониби Тоҷикистонро дар ин маврид дастгириву эътироф менамоянд. Ҳамчунин, коршиноси масъалаҳои байналмилалӣ ва муаллифи мақолаи миллии мо Абдуллоҳи Раҳнамо низ бо як бовариву қатъият иброз медорад, ки “Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ(4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд...”.

Бори дигар, таъкид менамоем, ки он ҳуҷҷату санадҳое, ки ҷониби Қирғизистон ба онҳо такя ва дар баҳси марзӣ асос қарор медиҳад, “эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро надошта, наметавонад барои тағйир додан ва муайян кардани марзҳои байнидавлатӣ асос қарор дода шавад”. Аммо роҳбарияти ҷинояткору роҳзанҳои Қирғизистон дар сари худ фикру андешаҳои ғасбкоронаро ҷой дода, шарм надошта, берӯйиву бевиҷдониро пеша карда, мехоҳанд, дар музокироти марзӣ он санадҳои додугирифти байни хоҷагиҳо, истифодабарии муваққатии заминҳо ва дигарро ҳамчун асос пешниҳод намуда, “заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёр доштаи худро расмияти ҳуқуқӣ бахшанд”.

Лекин, чӣ тавре, ки донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бо қатъият изҳор менамояд: “якум, ҳеҷ яке аз ин санадҳо қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишварро надоранд ва дуввум, дар сурати ба ин «асос» ё тарзи гузориши масъала розӣ шудани Тоҷикистон, аксари заминҳои мавриди баҳс ба таври «қонунӣ» ба Қирғизистон тааллуқ мегиранд. Ин ҳолат на ба ҳақиқати таърихӣ, на ба асосҳои ҳуқуқӣ ва на ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯй нест”.

Хулоса, дар баҳси ҳуҷҷатҳо дар масъалаи марз Тоҷикистон такягоҳи қонуниву расмӣ ва ҳуқуқиву таърихии бузург дорад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки ба Ҳукумати кишвар ва Сарвари миллати худ бовариву такя намоем.

Иброҳим Халилов,

сиёсатшинос.

 

Ҳеҷ овозе нест