ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР
Бо баромадани корҳои бунёдӣ маркази ноҳияи Фархор намои муосирро соҳиб шуд, ки ин навъҳои гуногун сабаби ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шудани аҳолӣ гардид. Ин раванд ба беҳдошти сатҳи сифати аҳолӣ боло рафтани иқтисодиёти маҳал як андоза асос гузошт.
Дар доираи истиқлол аз 30- юмин солгарди Истиқлолияти кишвар ва анҷоми созанда ба хотири дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва саҳмгузорӣ аз ҷониби соҳибкорони Ватанӣ мебошад.
Дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ қисмати зиёди роҳҳои аҳамаияти маҳалливу ҷумҳуриявӣ дошта, таъмиру навсозӣ гардида, сохтмони марказҳову хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ дар дурдастарин деҳоти ноҳия сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Имрӯз теъдоди муассисаҳои табобатӣ дар ноҳия 73 ва муассисаҳои таълими, ки дар қаламрави ноҳия мавҷуданд 75 ададро ташкил дода, дар назди бештари аз ин муассисаҳои таълимӣ ба таври дастҷамъӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта шудааст.
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ сохтмону аз навсозии 400 адад бинову иншоот аз ҷумла 80 адад дар соли 2022 ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора 41 иншоот ба ҳудуди Ҷамоати шаҳрак мутаъаллиқ буда, то имруз маҷмӯаи 52 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифта дар 28- тои дигар корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад, ки анҷоми корҳои боқимонда то охири соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар тамоми сохторҳои пешбинишуда 75% - и кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мебошад. Новобаста аз имконияту шароит корҳои анҷомёфта ва таъмирталаб будани роҳҳои аҳамияти байналмилалдоштаи самти Гулистон, Фархор, Панҷ, кашидани оби нушокӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои Ватан, Хуросон, Зафар, Дарқаду Истиқлол ва мавҷуд набудани муассисаҳои таълимӣ дар 9 деҳаҳои навбунёд ва аз навсозии 3 муассисаи таълимии ҳолаташон садамавӣ яке аз мушкилоти асосии сокинони ноҳия мебошад, ки бино ба иттилоъи масъулин бо дастгирии маблағҳои зарурӣ камбудиҳои мавҷуд буда дар наздиктарин фурсат бартараф хоҳад шуд.
АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ.