ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН

1 a 2.jpgФархор 03.12.2022 3 декабр дар дар ноҳияи Фархор бахшида ба Рузи байналмилалии маъюбон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба дастгирию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд, инчунин рушди соҳа ибрози назар намуданд.

Кайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар радифи рӯзҳои касбӣ, рӯзҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамзамон рӯзи байналмилалии маъюбон низ дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешаванд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта гувоҳӣ медиҳад.vv.jpg

Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда, худ низ баҳри хушбахтиву саодати маъюбон саъю кӯшиши бештар менамоянд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти ичроияи хокимияти давлатии ноҳия, ҳамчун рамзи парасториву рафоқат, ба шахсони имконияташон маҳдуд дастурхони идона ороста шуд. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳо маводи ғизоӣ аз қабили равган, биринч ва тухфахо тақдим карда шуд

Дар интиҳо кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ҷолибу дилангез хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Ҳеҷ овозе нест