АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

318127845_674212851075906_5673789143566087873_n.jpgДар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ дар радифи чунин навъҳои амният, аз қабили амнияти геополитикӣ, амнияти сиёсӣ, амнияти харбӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти демографӣ, амнияти экологӣ, амнияти маънавӣ-ахлоқӣ, амнияти иxтимоӣ ва амсоли онҳо мақоми махсусро ишuол менамояд.

Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд.

Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ шудааст.

Барои Тоҷикистон барин кишварҳо дар ҷодаи зерин омодагии ғайрианъанавӣ мансуб аст, ки метавонад дар амнияти иттилоотӣ мақоми махсус пайдо намояд. Ин падидаи нав буда, пас аз инкишофи технологияи иттилоотӣ ва аз байн бурдани марзҳои иттилоотӣ таъсири саривақтии худро гузоштааст. Ба инобат нагирифтани ин омодагиҳо ба раванди таъмини амнияти миллӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар беруни он таъсири манфӣ мерасонад.

Амнияти иттилоотӣ ифодагари ҳимояи имиджи сиёсии давлат баромад менамояд. Бо ёрии иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳои давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас гардида, ба масъалаҳои мавҷуда сабукӣ ва тақвият мебахшад. Дар раванди сиёсӣ амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Дар бораи масъалаи мазкур сарони давлатҳои ИДМ дар Тошкант «Созишнома дар бораи таъмини воситаҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ»-ро (1992) ба имзо расонида буданд. Мутаассифона, дар он давра ба ин ҳуҷҷати муҳим дар кишвари мо кам эътибор медоданд. Сабаб он буд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи ҷанги ҳамватанӣ қарор дошт ва роҳбарияти сиёсӣ ба ҳалли масъалаҳои дигар банд буд. Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагардида буд.

Танҳо моҳи сентябри соли 1997 фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳон» масъаларо хосияти расмӣ бахшид. Вобаста ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои давлатию ҷамъиятӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст гардиданд.

Андешаҳо дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ҷавобгӯи манфиатҳои рӯз бошанд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи таъмини технологияи навини иттилоотӣ дар сиёсат пайваста бо парадигмаҳои ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи «Интернет» ба таври васеъ доираҳои гуногуни аҳолиро фаро гирифта, мамлакатро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст мегардонад. Технологияи иттилоотӣ ахборотро ба нерӯи мутаҳаррике табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунандаро пайдо намудааст. Воситаҳои навтарини иттилоотӣ метавонанд оқибатҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбатро ба бор оранд. То кадом андоза ба нафъи манфиатҳои миллӣ истифода намудани онҳо муҳим аст. Моҳиятан, воситаҳои замонавии иттилооти оммавӣ дар заминаи манфиатҳои давлатҳои бузург инкишоф меёбанд. Бинобар ин доимо саволи зерин дар миён аст: воситаҳои иттилооти оммавии давраи рушди глобаликунонии олам ба амнияти миллии давлатҳои хурд чӣ муносибат ва ҳолати ҳамгироӣ доранд?

Воқеияти раванди сиёсии ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон муносибати хоса бояд кард. Чуноне ки сиёссатшиноси тоxик Г.Зокиров қайд менамояд, зарурат пеш омадааст, ки методҳои таъмини амнияти иттилоотиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ таҷдиди назар кард. Методҳои умумии таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба гурӯҳҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию техникӣ ва иқтисодӣ тақсим намуд.

Ба методҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ санадҳои меъёрию хуқуқӣ, танзиму таҳкими муносибатҳо дар соҳаи иттилоот ва меъёрҳои методии ҳуҷҷатҳо дар масъалаи таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва ғ. дохил мешаванд.

Аз тарафи дигар, истифодаи методҳои ташкилию техникӣ ва иқтисодии таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар сурати зайл зоҳир мегарданд:

-таъсис ва такмили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ;

- таъсиси низом ва воситаҳои пешгирӣ намудани роҳу воситаҳое, ки ба коркарди иттилооти ғаразнок машғуланд ва дар тафаккур ва шуури сиёсии миллӣ ақидаҳои ноустуворро тақвият мебахшанд;

- расмият ёфтани воситаҳои ҳимояи иттилоот, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи ҳимояи сирри давлатӣ, ҷавобгӯ будани усулу воситаҳои ҳимояи иттилоот.

Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои асосии зерин иборат аст:

- рушд ва ҳифзи инфрастуктураи иттилоотии ватанӣ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои иттилоотии ҷаҳон;

- муқобилият ба таҳдиди оғози муборизаҳои иттилоотӣ.

Барои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи пурмаҳсул ва ҳаматарафаи рушди имкониятҳои кашф ва аксулкашф (разведка ва контрразведка) дар саривақт ошкор намудани хатар ва муайян намудани сарчашмаҳои он хеле муҳим мебошад.

Хусусиятҳои таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм мегиранд ва пеш аз ҳама, бояд таъсиррасонии он ба манфиатҳои миллӣ мавриди назар гарданд. Амнияти иттилоотии Тоҷикистон яке аз қисмҳои таркибии амнияти миллии мамлакат буда, ба ҳифзи манфиатҳои миллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсир мерасонад. Таҳкими амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва методҳои таъмини он аҳамияти муҳимро касб мекунанд.

Дар рушду тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар асоси сиёсати дурандешонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.

Имрӯзҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар минбари чорабиниҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имиҷи мусбати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, ки ин низ тақвиятдиҳандаи дипломатияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, таҳти №332 тасдиқ шудааст, дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар шароити имрӯза дипломатияи иттилоотӣ барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани мавзӯи мазкур дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масъалаҳоро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро бо дастуру роҳандозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои хориҷӣ пеш мебарад. Ҳайати кормандони вазорати мазкур, намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшишу талош меварзанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии дипломатия, таҳлили вазъият дар кишвари қабулкунанда, сиёсати хориҷӣ ва пеш аз ҳама муносибатҳои байналмилалии он мебошад. Сафирон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои мусоидат ва амалишавии созишномаву шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши назаррас доранд. Дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастоварду комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди сармоягузориву сайёҳӣ саҳми бесобиқаро соҳибанд. Мутахассисони соҳаи мазкур барои эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ симои Тоҷикистонро дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун кишвари дастгирикунанда ва ташаббускори сиёсати башардӯстона, эътирофи баробарӣ, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра муаррифӣ намоянд. Дар соҳаи дипломатияи иттилоотӣ субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ такя менамоянд. Имрӯз дар рушду инкишофи робитаҳои беҳтари дипломатии дуҷонибаву бисёрҷониба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «faceook», «twitter», «instagram», «youtube», «вконтакт» ва ғайра бештар аст. Дар ҳар кишвар вобаста ба маъруфияти шабакаи иҷтимоӣ сарукор гирифтан лозим аст.

Имрӯзҳо дар фаъолияти ҳамешагии худ сафирону намояндагиҳои бештари кишварҳои ҷаҳон аз чунин шабакаҳо истифода мебаранд. Аксарияти намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ аъзои чунин шабакаҳоянд ва фаъолият дар самти худ дар ин шабакаҳо барои тақвияти сиёсати хориҷӣ хеле ба маврид аст. Чӣ тавре, ки дар суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад». Ба нигоҳи дурандешонаи Пешвои миллат дар чунин самти муҳими кишвар агар мо низ пайравӣ намуда онро дар амал татбиқ намоем, ба қуллаҳои баланди рушд хоҳем расид.

Айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди «facebook», «twitter» ва «instagram» дар ҷаҳон нуфуз ва аъзои бештарро доро мебошанд. Бино бар ин, намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд, аз ин гуна воситаҳо истифода намоянд. Барои дар шабакаҳои мазкур фаъол будан, намояндаҳои давлатӣ бояд пеш аз ҳама забони бурро (донистани забонҳои муоширати байналмилалӣ), донишманд, ҳозирҷавоб, кордону зирак ва аз ҳама муҳим таҳлилгар бошанд. Чунки узвият дар шабакаҳои мазкур дар ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани обрӯйи кишвар нақши муфид дорад. Имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «instagram» саҳифаи махсусе, аз ҷониби сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj/» бо номи «Emomali Rahmonov» фаъолият дорад, ки ҳамарӯза фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олами маҷозӣ ташвиқу тарғиб менамояд.

Дар шароити имрӯза навъи нави муносибатҳои дипломатӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро «твипломатия» меноманд. «Твипломатия», ки ба воситаи шабакаи иҷтимоии «twitter» фаъолият дорад, имрӯз дар ташвиқу тарғиби сиёсати хориҷии давлат нақши муҳимро касб кардааст. Ба вижа, шахсони баландпояи ниҳодҳои давлатӣ, ба монанди роҳбарони давлат, сарвазирон, вазирон ва дипломатҳо шабакаи мазкурро мавриди истифода қарор медиҳанд. Чунин фаъолияти шахсони аввали кишварҳо барои рушду инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ самаранок мебошад. Махсусан муаррифии таъмини воқеӣ ва дақиқи сиёсати хориҷӣ, тарғибу ташвиқи пешрафту комёбиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву илмӣ ва сармоягузориву сайёҳии давлат нақши арзишманд мегузорад. Ҳамчунин, Тоҷикистон метавонад, аз радиоҳои хориҷӣ, ки нисбатан арзону мувофиқ ҳастанд, истифода барад.

Ҳоло блогҳои интернетӣ фаъол ҳастанд, ки ҳамарӯза дар он ҷо маводу маълумоти гуногун, баҳсҳо ва аз ҳама муҳимаш гурӯҳҳои гуногуни миллатҳо фаъоланд, ки кишвари мо метавонад аз ин восита низ истифода намояд. Блог вебсайте аст, ки мӯҳтавои асосии он сабтҳои мунтазам иловашавандаи дорои матн, расм ё мултимедиа мебошад. Шахсонеро, ки дар вебсайти мазкур фаъоланд, блоггерҳо меноманд. Хонандагони вебсайти мазкур бештар бо мақсади дарёфти иттилоот, мутолиа, вақтхушӣ, мушоҳидаи таассуроти омма ба ин ё он амал вориди он мешаванд. Аз ин рӯ, мо метавонем, як гурӯҳи ҷавонони фаъол ва мутахассисони олии самти мазкурро ташкил карда, фаъолияти ҳамешагиро дар чунин вебсайтҳо таъмин намоем. Ин тавр ташаббусҳо метавонанд кишвари моро дар ҷаҳони муосир боз ҳам бештар шиносоӣ намоянд. Тибқи маълумот, бештари кишварҳои тарақикарда барои рушду инкишофашон аз чунин воситаҳо истифода бурдаанд. Масалан, Департаменти давлатии ИМА дар охири солҳои 90-ум аз чунин усулҳо истифода бурда буд.

Чӣ тавре ки маълум аст, намояндагиҳои дипломатии Тоxикистон дар хориҷ бо ташкил кардани рӯзҳои фарҳангӣ ва баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ симои мусбати Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ рӯз то рӯз таҳким мебахшанд, ки ин низ яке аз самти рушди дипломатияи фарҳангиву иттилоотӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин мо метавонем, ки дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур китобу маҷалла ва наворҳои видеоии гуногун бо забони кишвари мизбон роҷеъ ба Тоҷикистон маълумоти саҳеҳу равшан пешниҳод кунем.

Имсол бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки минбаъд низ барои ҷалби сайёҳон ба кишвари зебоманзари мо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои симои мусбати Тоҷикистонро ташвиқу тарғиб намудан, саҳми кормандони кумита, намояндагиҳои хориҷӣ ва худи шаҳрвандони ватандӯсту башардӯстро зарур аст, ки аз шабакаҳои иҷтимоии дар боло номбаршуда истифода намоянд. Рушду инкишофи ин соҳа низ як самтҳои диплмоматияи иттилоотии кишварро ташкил медиҳад.

Намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд барои муаррифии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузориву ҷалби сайёҳон аз сомонаву шабакаи иҷтимоии сафорат даст ба кор шаванд. Аксу навори маконҳои тамошобоби кишвар ва арзиши меҳмонхонаву маконҳои вақтхуширо ба тарзи олӣ ташвиқу тарғиб намоянд.

Таъмини амнияти иттилоотӣ водор месозад, ки захираҳои пулию молӣ ба самтҳои муҳими рушди илму техника, дастгирии мактабҳои пешқадами илмӣ, тезонидани ташаккули имкониятҳои илмӣ-техникӣ ва заминаҳои технологияи миллӣ, ҷалби маблағҳои хусусӣ равона карда шавад, Дар ин xодаташкили фондҳо ва истифодаи грантҳо, амалисозии барномаҳои рушди ҳудудҳое, ки дорои имконияти баланди илмӣ-техникӣ мебошанд, мувофиқи мақсад аст. Таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчунин бо дастгирии давлат ташкили инфрасохторҳое, ки натоиҷи коркардҳои илмӣ-техникиро бо назардошти ҳифзи моликияти ақлонӣ ба бозор мебароранд, рушди шабакаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва бозориро талаб менамояд.

Ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ барои ташкили тадқиқоти илмии фундаменталӣ, пешгӯикунанда ва ҷустуҷӯӣ, ки ба ҳифзи мафиатҳои мудофиа ва амнияти давлатӣ мусоидат мекунад, ба мақсад мувофиқ аст.

 

Ҳеҷ овозе нест