Терроризм ва эсктремизм

Терроризм ва эсктремизм

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобали табдил ёфтааст, терроризми байналмиллали мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотини «terror» сарчашма гирифта маънояш «Тарс ваҳм даҳшат ва ҳаросро» ифода мекунад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро ба роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва ваҳшат амалӣ созанд. Терор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, наврасӣ ва экологӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудааст. Терроризм як навъи сиёсати идеологӣ ё амалӣ иборат аз таҳдиду, фишоварӣ, зурӣ, нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳҳи одамон; институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ идеологӣ геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз назари ҳуқуқӣ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, мақсади он вайрон кардани бехатарии ҷамъият, тарсонидани аҳолӣ мебошад. Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хати сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиқ овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид мекунад. Экстремизм аз забони лотини (Extremes) гирифта шуда маънои охирин канораро дорад. Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Имрӯз таре, ки мебинем дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориён, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимои гардиданд. Ва ман дар охир гуфтан мехохам, ки ба ин корҳои ифротгароӣ даст назанем ва ваборо гум карда ондасозӣ ватанамон бошем тақдири ватан дар дасти мост ва мо якҷоя ин корҳои терроризмро дурр карда Ватанро обод намоем.

 

Шералиев Сарфароз хонандаи синфи 9 МТМУ №4 н Фархор

 

Ҳеҷ овозе нест