ТАҲАВВУЛОТИ СИЁСӢ ВА ЗИРАКИИ ҶАВОНОН

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, неруи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд.

Зиракии сиёсӣ ҷавҳари асосии неруи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилотҳои дигар аст. Ин ҳама монеаҳоро танҳо бо сатҳи баланди зиракии сиёсӣ мо гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, ҷавонон мебошад. Чунончӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳову паёмҳои хеш таъкид месозанд, ки “Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳаммияти бағоят бузург касб менамояд”. Имрӯз зери мафҳум ва моҳияти зиракии сиёсӣ баҳои дуруст дода тавонистан ба равандҳо ва таҳаввулотҳои сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамзамон таҳлили дақиқи онҳо, дарки оқибатҳои онҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ин равандҳо фаҳмида мешавад. Мо, ҷавонон бояд ҳар як таҳаввулот ва раванди сиёсиро ба таври фаврӣ дақиқ таҳлил намоем, сарчашма ва сабабҳои пайдоиш, таъсири манфӣ ва роҳҳои ҳифзи манфиатҳои худро дар онҳо пайдо намоем. Давлатдориву давлатсозӣ кори соддаву осон ва яксолаву даҳсола нест. Асрҳо лозим меояд то як давлати тараққикарда ва муосир бунёд гардад. Барои ин чандин наслҳое лозиманд, ки масъулияти ватандориро дарк кунанд ва рисолати ватансозиро иҷро намоянд. Дар ин роҳ фидокориву қурбонӣ ва бахшоишу муттаҳидӣ лозим меояд. Таъриху адабиёт ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мо чун оина ба мо нишон медиҳад, ки мо дар ин роҳ ба касе бовар ва пайравӣ накунем. Дар ин дунё ҳар як миллату давлат пеш аз ҳама манфиатҳои худро боло мегузорад ва ҳимоя мекунад. Мо набояд фирефта ва зудбовар шавем. Дар роҳи давлатдориву давлатсозӣ ягона дӯсти боваринок ва шарики стратегии боэътимоди мо танҳо худи мо ҳастем. Тамоми гуруҳҳо, ҳизбҳо, созмону ташкилотҳо манфиатҳои худро доранд ва пайи амалӣ намудани ҳадафҳои худ мебошанд. Дар як мулоқоти хеш бо аҳли соҳаи маориф сарвари давлат зикр намуданд, ки: “Дар марҳалаи имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад”. Имрӯз дарёфти роҳи устувору таъсирнопазири давлатдорию давлатсозӣ хеле мушкил аст. Равандҳо ва бозиҳои сиёсӣ ҳасос, ногаҳонӣ ва тарҳрезишуда мебошанд. Ҷаҳони муосир бемарз аст ва мо ҳамеша зери таъсири таҳаввулоти сиёсии он қарор дорем. Мо набояд фаромӯш созем, ки имрӯз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо, махсусан ҷавонони бонангу баори кишвар вобастагии зиёд дорад. Пайравӣ ва ё шомил шудани як ҷавон ба гуруҳҳои гуногуни сиёсии зиддидавлатӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрӯю нуфузи онро коста гардонад. Роҳи ягонаю дуруст барои мо, ҷавонон дар ҳама ҳолат боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ ва дар ин ҷода аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад: Ҷавон бояд, баору нанг бошад, Накӯкирдору бофарҳанг бошад. Зи хишти меҳри худ созад Ватанро, Ҳамеша якдилу якранг бошад. Дар воқеъ имрӯз ҷавонон бояд камари ҳиммат баста баҳри рушду суботи ояндаи кишвар, ободу бунёд намудани ҳар гӯшаи диёр ташаббус намояд. Чун имрӯз ҷавонон пеш аз ҳар вақта дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор доранд ва бо ҷасорату матонат ва иродаи қавии хеш боварии Сарвари давлатро сазовор гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки садри муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гуна вазъу шароит ба ҷавонони кишвар такя намуда, эътимод доранд ва доимо дар суханрониҳояшон ба ҷавонон рӯ оварда таъкид месозанд: “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд”. Мо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ дигар ҳуқуқи як лаҳза истироҳат карданро надорем. Як лаҳза истироҳат ва ё фориғболии мо дар ин роҳ моро ба ҳолати ногувор мерасонад.

Рухшонаи Шералӣ Амузор

Ҳеҷ овозе нест