ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобали табдил ёфтааст, терроризми байналмиллалӣ мебошад. Истилоҳи терор аз вожаи лотинии “teror” сарчашма гирифта, маънояш тарс ваҳм дашҳат ва ҳаросро ифода мекунад. Террористон мехоҳанд мақсаду марми худро ба роҳи зуроварӣ куштор тарсу ваҳм ва даҳшат амалӣ созанд. Терор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Шаклҳои зиёди эктремизм ба монанди сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, экологӣ маънавӣ ва ғайра муайян карда шудааст. Терроризм як навъи сиёсат, идеологи ё амали иборат аз таҳдиду фишовари зури нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, институҳои ҳокимияти давлати ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ идеологӣ ё амали иборат аз таҳдиду фишоварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, институтҳои ҳокимиятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз назари ҳуқуқ - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад,мақсади он вайрон кардани бехатарии ҷамъият, тарсонидани аҳоли мебошад. Экстремизм-ифротгароӣ ва терроризм-даҳшатафканӣ ҳам барои ҷомеаи ҷаҳон ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеи дорад. Экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгарои тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таъкид мекунад, ки “Имруз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои асар ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид мекунад”. Экстремизм аз забони лотинӣ “extremes” гирифта шуда маънои охирин, канораро дорад. Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона ашадди ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Имруз тавре, ки мебинем дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта боиси афзоиши шумораи фирариён, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани праблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳамсолони мо, насли ҷавон бояд ба хубӣ дарк намоем, ки саркардагони ин падидаи номатлуб бештар аз камсаводию нофаҳмии баъзеи мо сафи ифротиёнро зиёд мекуунанд. Ягона роҳи пешгирии ин вабои аср, падидани нафратзадаи ифротгароию тероризм донишу хирад, ақлу фаросат ва худшиносию ватандустӣ мебошад. Ҷавони ноогоҳ, бехираду андеша ва худхоҳ асту кур-курона ба ҳар равияву падида тақлид мекунад гумроҳ шуда туъмаи дигарон мегардад. Мо бояд, ки ба ин корҳои ифротгарои даст назанем ва ин ваборо аз ҷомеа нест карда, ояндасози ватанмон бошем, тақдири Ватан дар дасти мост ва мо якҷо шуда, терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, ватанро обод намоем.

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фархор Шералиев Сарфароз

 

Ҳеҷ овозе нест