ТЕРОРИЗМ АМАЛИ НОМАТЛУБ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш гуфтааст. «Террорист Ватан, модар, мазҳаб надорад». Гӯрӯҳҳои террористиву экстремистӣ вазъияти орому осоиштаи кишварамонро мехоҳанд, ки ноором созанд, ҷавононро ба гирдоби нохӯшиҳо тела диҳанд, ба нооромиҳо сабабшаванд. Ҷинояти гӯшношуниди хоинони Ватан, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорн ба вуҷуд омада буд, тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хашму ғазаб овард. Бо мақсади маҳкум намудани терроризм ва амалҳои террористӣ ҳукумати ноҳия гурӯҳҳои кори ташкил намуда дар ҳама ҷамоату деҳотҳои ноҳия бо мардум мулоқотҳо гузарониданд. Дар муассисаи мо дар бораи шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои ва террористи чандин вохӯриҳо гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомадҳо қайд карда шуд, ки терроризм ва экстремизм ватан надорад, миллат надорад. Ҳар ҷавоне, ки ақлу хирад дорад бояд ба ҳар гурӯҳҳо дохил нашавад, ки оқибати хуш надорад. Имрӯз Тоҷикистони азиз моро биҳишти рӯи олам меноманд. Ҳама ҷо сабзу хуррам, шаҳру деҳот ободу гулафшон, одамон шоду хандонанд. Ҳаёт рангин аст, мардум зиндагии осуда доранд. Мардуми Тоҷикистон аз сарвари худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд. Пешвои миллат миллатро мутаҳид намуда, ваҳдати миллӣ, сулҳхоҳӣ ва сулҳпарасии тоҷиконро таъмин намуд. Шоире гуфтааст: Ҳар ки бар душманони халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. Ҳақ бар ҷониби шоир аст. Хоинони ватан албатта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи амнияти миллӣ зуд дастгир шуда, ҷазояшонро мегиранд. Гуноҳи ҳар нохалафе, ноодаме, ки ба кирдорҳои ғайри инсонии худ ба кишвари мо доғ меорад набахшиданист.

Ғашова Наргис хонандаи МТМУ №6

Ҳеҷ овозе нест