ВОХӮРИИ КОРШИНОСОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ФАРХОР

i.jpgДар ноҳияи Фархор ҳамоиши васеи илмӣ дар мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, ифротгароӣ, терроризм, мушкилоти ҷаҳони имрӯз баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази исломии Тоҷикистон Сангалиев Маҳмуд ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Нахуст Абдуллоҳи Раҳнамо суханронӣ намуда, моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон шарҳ доданд.

ii_0.jpgИнчунин иброз доштанд: “Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи қавии ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатдорӣ баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ рушди масъулияти аввалиндараҷа дошта бошад. Бахусус насли наврасу ҷавон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва мамлакати муқаддасамон бошанд”.

iii.jpgСипас, корманди Маркази исломшиносӣ Сангалиев Маҳмуд суханронӣ намуда, зикр карданд, ки дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, ҷомеаи ҷаҳонро терроризм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Ҳарчанд ин зуҳурот нав нест, вале дар шароити феълӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад, зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чи дар минтақа ва чи дар миқёси ҷаҳонӣ ба кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Дар идомаи ҷамъомад ҳозирин фикру андешаҳои худро дар бораи экстремизм ва терроризм, шомилшавии иддае аз ҷавонони аз илму маърифат дар канормонда ба гурӯҳҳои ифротӣ баён дошта, аз аҳли толор даъват ба амал оварданд, ки дар чунин вазъият бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ мо вазифадорем, ки истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин омилҳои хатарзо ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

 

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Ҳеҷ овозе нест