ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МАРДУМИ БАДАХШОНАНД!

Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри ободиву суботи тамоми минтақаҳои кишвар нигоҳи баробар ва амали воқеӣ доранд. Ин аст, ки Сарвари миллат ба вилояти Бадахшон таваҷҷуҳи хос дошта, стратегияву барномаҳои рушду тақвияти соҳаи гуногуни ин минтақаро таҳти роҳбарии худ қарор додаанд. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба ин минтақа зиёд буда, дар баробари барномаҳои рушди он аъзоёни фаъоли Ҳукумати мамлакатро сарпарастӣ бевоситаи он таъин намудаанд.

Мутаассифона, бо амри табиат дар ин минтақаи куҳистонии дурдасти Тоҷикистон офатҳои табиӣ тармафароӣ рух дода, ҷони чандин нафарро гирифта, хонаву дари онҳоро вайрон кард. Аслан, ин ҳолат аз фасли зимистони куҳистонии кишвар сарчашма гирифта, ҳамасола дар минтақаҳи гуногун руй медиҳад. Ин буд, ки имсол бештар ин ҳодисаҳои табиат дар минтақаи Бадахшон рух дода, офатҳои бештарро офарид.

Бояд гуфт, ки худи ҳамон рӯзи фоҷеа Пешвои миллат ба Раиси вилояти Мухтори Бадахшон занги телефонӣ анҷом дода, аз ҳолати ба вуқӯъ омада огоҳ шуда, супоришу ҳидоятҳои махсусро ба роҳбарияти вилоят доданд. Инчунин, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд. Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.

Мавриди зикр аст, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат қарор дорад. Ва ҳамарӯза аз раванди супоришу ҳидоятҳои қатъии худ огоҳ шуда, рафти бартарафсозии ин офатҳои табииро назорат доранд. Чӣ тавре, ки аз раванди фаъолияти комиссия маълум аст, аллакай хавфу хатарҳои бартараф гардида, шаҳрвандони минтақаҳои хатарнокро ба ҷойи амн кӯчонида, хатти барқу обҳои нӯшокии шаҳри Хорӯғро барқарор кардаанд. Бояд таъкид намуд, ки ҳам Раиси вилоят, ҳам Раиси шаҳри Хорӯғ, ҳам роҳбарияти кумитаи наҷотдиҳӣ ва ҳам комиссияи давлатӣ дар ин самт шабонарӯзӣ кору фаъолият доранд. Аз рафти бартарафсозии ин офатҳои табиӣ маълум аст, ки техникаҳои навин дар ин фоҷеа истифода шуда истодаанд.

Бинобар ин, набояд мардуми сарбаланди Бадахшон ба дурӯғу туҳматҳои бофтаистодаи душманони миллату давлат дар хориҷи кишвар аҳаммият диҳанд. Ҳатто, худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони ҳалокшудаҳо дар ин офати табиб изҳори тасаллият намуда, кӯмаку мусоидати бевоситаи худро расонида истодаанд. Имрӯз роҳбарони аввали кишварҳои хориҷӣ ба унвони Президенти кишвар изҳоротҳои тасаллияти худро ирсол намуда, омодагии кӯмаку мусоидати он ҷонибро таъкид карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ин шабу рӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва роҳбарияти давлати мо дар паҳлӯи мардуми Бадахшон буда, ҳам масъулияти расмӣ ва вазифаи инсонии худро иҷро карда истодаанд.

Иброҳим Халилов

 

Ҳеҷ овозе нест