ХИЁНАТ БА ВАТАН БАЪДТАРИН КИРДОРИ ИНСОНӢ

Аз қадим мардумони тоҷик хиёнаткорону ватанфурӯшон ва бадкешу бадандешонро аз худ ҷудо мекунад ва бо онҳо муносибати муайяну мушаххас намуда, ҳамагуна амалҳои разилонаи онҳоро маҳкум менамуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки хиёнатпешагон бар муқобили арзишҳои миллӣ ва ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, мехоҳанд онҳоро бо рафтору амалҳои иғвоангези худ миёни мардум сиёҳу баъдном намоянд. Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ ҲНИ мебошад. Бо баробари фаъолияти ғайриқонунӣ доштан, ки дар охир чун парда аз ниқоби аъзоён, раёсат, роҳбарони ҳизб бардошта шуд, таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизбу гурӯҳи манфиатхоҳ танҳо бо истифодаи мафҳуми исломи пок мехостанд нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд. Аммо Худованд барои мардуми тамаддунофари тоҷик шахсияти бе мислу монанде, чун Пешвои миллати тоҷикон Эмомлӣ Раҳмонро ато намуд, ки ҳадафҳои нопоки ин бадхоҳони миллатро барбод дод. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайри қонунии ҲНИ буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо мақсади “ният”-ҳои нопоки худ буд. Раёсати ин ҳизб дар охир бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирорӣ ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз он ҷойҳо ҳам ором наистода, мехоҳад ба амну осоштагии мо мардуми тоҷик ба тариқи барномаҳои видеоии худ, дуруғгуию бофтакорист ва боз чанде аз сагбачаҳояш ба монанди Муҳаммадиқбол, Салмон ва Ҳусен Ашуров монеа эҷод кунад. Мутаассифона, то ҳанӯз дар Тоҷикистони азиз ва берун аз он иддае аз фарзандони нохалаф ва хиёнатпеша зиндагӣ мекунанд, ки иғвогариву дурӯғпароканӣ ва сафсатафурӯшии ин хоинони миллатро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ намуда сулҳу суботи кишварро халалдор месозанд. Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, ки дар ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат маҳз террористони наҳзатӣ бо тарҳрезии нақшаҳои хиёнаткорона ва зиддимиллиашон кишвари тозаистиқлолро ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал сохтанд. Албатта ҳамаи ҷонканиҳои хоинон баҳри хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехоҳанд вазъро дар кишвар халалдор созанд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки хоҷагонашон чӣ мехоҳанд? Бигзор ба ин роҳбари Паймони миллӣ М. Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд. Рӯирост ба аҳли мардуми тоҷик тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд! Зеро амалҳояшон ғайриқонунӣ аст ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд. Мо мардуми ватандӯсти кишвар чунин амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёнро маҳкум сохта, гуфтанием, ки ин гурӯҳҳо аслан дар бораи Ватан ва ватандорӣ ҳуқуқи сухан карданро надоранд. Мардуми кишвар ва махсусан қишри ҷавони ин миллатро пайваста ҳушдор медиҳем, ки ҳушёру зирак бошанд, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар кишвар мамнӯъ нашаванд ва дар пойдории осудагию тинҷӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Тағайзода Рустам муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

Ҳеҷ овозе нест