ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР.

Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии ватани азизамон Тоҷикистонро, сокинони ноҳияи Фархор, бо як шӯкӯҳу шаҳомати зиёди идона истиқбол гирифтанд.

A0.jpg

  Дар чорабинии идона меҳмонон, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умаров Мансурҷон ва раиси ҲХДТ-дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, иштирок намуда суханронӣ карданд.

  Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияи Фархор ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир маркази ноҳия, бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, гулгашту хиёбонҳо, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба даст омадааст.

A1.jpg

  Сӯбҳи ҳамон рӯз, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 « Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи шӯъбаи маориф, беморхонаи марказӣ ва КАТС, аз маҳсули ҳунари мардумии худ аз қабили чодар, куртаҳои гулдӯзӣ, тоқию рӯймолча, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Меҳмонон аз ҳунари ҳунармандони ноҳияи Фархор дидан намуда, баъд аз тамошо дар толори маҷлисгоҳи бинои ҳукумати ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

A.jpg

  Раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони ноҳия ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

AAA.jpg

  Ҳамчунин қайд ва таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ, бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

  Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони ноҳия минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва ноҳияи Фархорро ба макони воқеан биҳиштосо, ноҳияи зебову пешрафта табдил медиҳанд.

 Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон бори дигар, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд.

Дар фарҷом якчанд нафар фаъолони ноҳия, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдони карда шуданд. 

uvs020112-020.jpg

    

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои  театрикунонидашуда, таҳти ӯнвони "Шоми Истиқлол" бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандону эҷодкорони ҷавони ноҳия, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хӯшу хотирмон идома ёфт.

Ҳеҷ овозе нест