Қабули сайёри шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Дарқад

Имрӯр 26 феврал, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия аз тарафи раиси ноҳия Зариф Назирӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси ноҳия дар оғоз қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон дар маҳал чораҷӯӣ намоем.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, таъмири болопуши муассисаи таълимӣ, дарёфт намудани саҳми замини барои ташкил намудани хоҷагии деҳкон, тоза намудани каналу ҷуйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ҷамоат муроҷиат намуданд.

Раиси ноҳия, Зариф Назирӣ ба масъулини идораҳои ноҳия ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои муҳаххас доданд.

Дар охир раиси ноҳия бо масъулин оид ба ободу зебо гардонидани маҳали зист, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбутаҳо, тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандустӣ, мулоқот намуданд.

Миёна: 3.5 (2 votes)