ИДИ ЗАФАР МУБОРАК
Санаи 7 майи соли 2024 ба муносибати 79-солагии Иди Зафар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба аёдат ва дидорбинии иштирокчии ҶБВ Хидиров Хумбаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Муродбахши Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор рафта, аз ҳолу рузгори иштирокчӣ бохабар гардиданд. Ин қаҳрамонро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ таҳният намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба иштирокчиёни ҶБВ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба онҳо ғамхори менамояд. Зимнан ба Хидиров Хумбаҳмад аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ туҳфаи идона ва маблағҳои пули дастрас намуданд. Мавриди зикр аст, ки 80-сол қабл дар ҶБВ ҷавонмардони бошарафу ватандусти миллати тоҷик чун дигар миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба фронт рафта, қисми аз онҳо дар роҳи дифои Ватан мардонавор ҷон фидо намуданд. Даҳҳо ҷавонписарони ватандусти тоҷик дар роҳи ҳимояи марзу буми Ватан сазовори номи қаҳрамонӣ Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд. Корнамоиҳои онҳо дар масири ҳимояи Ватан сабақи ватандустии ҷовидон барои насли ҷавон мебошад. Корнамоиҳои қаҳрамононаи шаҳидони роҳи Ватан хотираи нек ва номи накуи онҳоро ҷовидона менамояд.