ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ УМУМИНОҲИЯВӢ 06.07.2024

Оиди ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ тавассути шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона ба шанбегии умуминоҳиявӣ баромаданд. Кормандони коллективҳои меҳнатии ташкилот ва муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои деҳот шанбегии умуминоҳиявӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъонаро ташкил намуда, дар рафти он гирду атрофи биноҳои корӣ, роҳҳо ва кўчаҳои шаҳрак, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ва дигар маҳалҳои деҳотии аҳолинишини ноҳия тоза карда шуданд. Зимнан бехои дарахтони ҳамешасабзу ороиши нарм карда шуда, гулҳои ороишӣ шодоб карда шуданд,  ки ин корҳои ободонию созандагӣ тавассути шанбегию ҳашарҳо то ҷашни Истиқлолият дар ноҳия давом дода мешавад. Корҳои ободонӣ ва тозакардани канори роҳҳои мошингард дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» ва шоҳроҳи самти Фархор – Кўлоб низ хуб ба роҳмондашуда, шумораи бештари аҳолӣ ба ин амалҳо ҷалб гардиданд.Ҳамчунин, бо корбарии фаъолони ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру тармими кўчаю маҳаллаҳо, иншоот, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, шинонидану сабзонидани гулҳои ороишӣ дар кўчаҳои сарироҳӣ, тозаву озода намудани маҳалли зист, рангубор намудани биноҳои баландошёна, бо сифати баланд сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоотҳои ҷашнӣ дар маркази ноҳия, идома дода шуда истодаанд. Баҳри бо омодагии хуб ва бо дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни таърихии миллату давлатамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома бахшида мешаванд.

Ҳеҷ овозе нест