ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ФАРХОР ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Санаи 12 июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси имрўза намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазир - Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Холзода Маҳмадшариф, иштирок ва суханрони намуданд.Ҷаласаро раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ ҳусни оғоз бахшида сипас суханро барои додани гузориш ба муовини раиси ноҳия Вализода Насрулло доданд. Гузориши муовини раиси ноҳия оиди ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор дар нимсолаи якуми соли 2024 шунида шуд. Сипас дар ҷаласа аз тарафи раиси ноҳия аз ҳар як роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо бобати фаъолияти соҳаҳо пурсиш баамал оварда шуд.ҳДар охир раиси ноҳия ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҷиҳати таъмини нақшаи андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармо, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неъруи барқ, ҷилавгири аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ноҳия, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушахас дод.

 

Ҳеҷ овозе нест