ГАДОЗОДАҲО ҲАМЕША ПАЙИ ТАҚСИМИ КУРСИИ РОҲБАРИВУ САРВАТ БУДАНД ВА МЕМОНАНД!

Мусоҳибаи А.Шерзамон ва Ш.Шариповро дар шабакаи интернетӣ тамошо кардам ва чанд нуктаро атрофи он мехоҳам, баён кунам. Мазмуни ин мусоҳиба ронда шудани Ш.Гадоев аз “Паймони зиддимиллӣ” мебошад. Дар умрам чунин мусоҳибаи пуч ва бесаводонаро тамошо кардам. Муовини роҳбари “Паймони зиддмилӣ” А.Шерзамон бо ҳамин саводи кунд ва забони баста, имрӯз мехостааст, “манфиатҳои мардуми тоҷик”-ро ҳимоя кунад. Аз зоҳири ин шахс ва сабки гуфтору рафтораш маълум аст, ки мактабу донишгоҳро нахондааст. Мусоҳиби дигари А.Шерзамон, Ш.Шарипов бошад, аз он ҳам бадтар аст, на саводи саволдиҳӣ дораду на ақли посухгирӣ. Махсусан, таъкид менамоям, ки аз роҳбарияти “Паймони зиддимиллӣ” то ба аъзоёни қатории ин ташкилоти мамнӯъ саводи кофӣ ва фарҳанги сиёсии комилро надоранд. Ш.Гадоев, ки аз ҷумлаи ватанфурӯшон ва бешарафони аъзои ин паймон аст, бесаводтарин ва беақлтарини онҳост. Аммо, Ш.Гадозода бо ҳамин бесаводӣ ва беақлиаш дарк кардааст, ки М.Кабирӣ тайи солҳои охир аъзоёни паймонро гӯл зада гаштааст. “Паймони зиддимиллӣ”, ки сад дар сади аъзоён ва пайравонаш авлоду хешу табор ё клани Кабириро ташкил медиҳанд, ба ҳампаймонони дигар, яъне ба Гадозодаҳову гурӯҳи24 “ход” надодаанд, ки аз пулу моли гадоӣ ва хайрияшудаи хоҷагонашон сӯистифода баранд. Ин буд, ки Ш.Гадозода аз ин таври муносибат ва рафтори Кабирӣ ба дод омада, ахир сабраш тамом шуда, истеъфои онро аз курсии роҳбарӣ бо ултиматум пешниҳод кард. Пас аз ин амали Гадозода, Кабирӣ аъзоёни шурои “Паймони зиддимиллӣ”-ро ҷамъ оварда, ба онҳо супориш медиҳад, ки зудтар Гадозодаро аз паймон ронанд. Аз ин қарори шитобзода маълум аст, ки Кабирӣ намехоҳад, кусрии роҳбариро, ки онро миллиордер кардааст, даст кашад. Аксарияти ватанфурушоне, ки имрӯз дар Аврупо қарор доранд ва зидди давлату миллати тоҷик садо баланд менамоянд, аз Кабириву паймони он безоранд. Чун медонанд, ки Кабирӣ замоне дар Тоҷикистон курсии роҳбарии ТЭТ “ҳизби наҳзат”-ро ба дӯш дошт ва ҳамеша пайи ҷамъоварии молу сарват буд. Аз давлатҳои хориҷӣ ва хоҷагонаш миллионҳо доллар гирифта, мехост Тоҷикистонро бори дигар ба ҷангу хун тела диҳад. Ихтилофу ҷанги душманон имрӯз ба фоидаи мардуми сарбаланди тоҷик аст. Чун мардуми шарифи тоҷик бояд огоҳ бошанд, ки ин гургони гушна дирӯз, имрӯз ва оянда низ дар фикри пешрафту ободии Ватану давлати мо нестанд ва набуданд. Аз ин ихтилофи Кабириву Гадозода аён аст, ки онҳо барои курсии роҳбарӣ ва молу сарват омодаанд, ҳамдигарро шарманда карда, бикушанд. Пас ҳар яки мо огоҳон ба шаҳрвандони Тоҷикистон расонем, ки ба қадри оромиву ободии ин Ватан бирасем ва ба “ваъдаҳову суханҳои сохтаву бофта ва найрангҳои” душманони миллати тоҷик дода нашавем.

 

Иброҳими Халил, сиёсатшинос

 

 

Ҳеҷ овозе нест