АНҶОМИ КИШТИ ТАКРОРӢ

h_0.jpgКишоварзони ноҳия баъди ғундоштани ҳосили зироатҳои ғалладона, зироатҳои техникӣ ва хуроки чорво ба кишти такрорӣ оғоз намуда, дар моҳҳои июн ва июл нақшаи кишти такрориро ба миқдори 97,7 фоиз анҷом доданд.

Махсусан, кишти ғалладонаҳо: аз он ҷумла, шолӣ, макка барои дон, лубиёгиҳо ва мош сари вақт кишт карда шуд. Ба ҳисоби дурнамо дар майдони 150 га кунҷиту офтобпараст кишт карда шудааст. Ба кишти сабзавот, картошка ва полезиҳо низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Зироатҳои хуроки чорво дар майдони 2061 га кишт карда шудааст.hh_1.jpg

Бояд бо хушнудӣ қайд намоем, ки деҳқонони пуртаҷриба ва заҳматкаши ноҳия ба кишти сабзавот, кабудиҳо ва бодирингу картошка диққати даркорӣ медиҳанд. Ин амали неки онҳо рафҳои бозорҳо ва дастурхонашонро пурфайзу бобаракат мегардонад.

 

 Аз маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

Миёна: 4 (1 vote)