АМНИЯТИ ИТТИЛООТИ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ҶОМЕА ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Вақте сухан бобати таъмини амнияти иттилоотӣ меравад, муносиби зикр аст, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ имруз технологияи комуникатсионӣ ва иттилоотӣ ба таври васеъ аз ҷониби ҳама қишрҳои ҷомеа истифода мешавад. Интернет бошад, дар меҳвари ин раванди бисёр пуртазод қарор дорад. Дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ҷомеа-яъне халқ бояд дарк кунанд, ки “Амнияти иттилоотӣ” ҷузъи таркибии амнияти давлатӣ мебошад. Имрузҳо дар назди тамаддуни инсонӣ проблемаи мавҷудият ба миён омадааст ва ҳама гуна таҳдиду хатарҳои муосир ба вуҷуд омада, тавассути иттилоот ва интернет ҳама сарҳадҳоро шикаста паҳн шудаистодааст. Аз онҳо мо бояд худро ҳифз карда тавонем. Аз ин лиҳоз амнияти иттилоотӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол самти афзалиятноки сиёсатӣ-давлатӣ ба шумор меравад. Вусъатёбии фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳои даҳшатафкан бо истифодаи ғаразноки интернет ҳамчун воситаи иттилоотию таблиғотӣ ва таъсири манфӣ ба шуури одамон, ҷалби тарафдорони онҳо ба воситаи иттилоот дар шароити нави ҷаҳонишавӣ бештар дида мешавад. Ин раванд ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро водор месозад, ки ба ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии паҳншавии иттилоти хусусияти иғвоангезӣ, муғризонадошта, сепаратизм ва экстремизмдошта бештар талош намоем. Зеро ин нукта рушан аст, ки ҷанги иттилоотӣ фаъолияти муҳити иттилоотиро дар давлат номӯътадил мегардонад. Дар ин замина фаъолияти ҷиноятие, ки бар зидди манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ равона гардидааст, тавассути киберҷинояткорони иттилоотӣ бо усули ҳуҷумҳои иттилоотӣ иродаи сиёсии мардум, ба хусус ҷавононро нисбат ба давлат, сиёсати давлат, манфиатҳои давлатӣ, арзишҳои миллию фарҳанги ва монанди ин паст карда, аз байн мебаранд. Аксаран истифодабарандагони интернет ва иттилооти гуногуни шабакаҳои интернетӣ ҷавонон мебошанд ва тақрибанд 80 фоизи онҳо осебпазир мебошанд. Тасмимҳои ҷиддӣ барои манъ кардани дастрасӣ ба захираҳои интернетие, ки муҳтавоии зараровар доранд, наметавонанд амнияти иттилоотии шаҳрвандон ва фарзандони онҳоро таъмин кунад. Дар ҳоли маҳдуд кардани як шабака пас аз муддате шабаки дигар фаъол мешавад. Комилан махдуд кардани ин навъ веб-ресурсҳо, каналҳо, шабакаҳо дар ҷомеаи демократӣ мушкил аст. Пас ягона роҳи ҳимояи ҷомеа аз ин иттилооти зараровар саводнокии расонаии он аст. Бобати таъмини амнияти иттилооти дар кишвар се нуктаро дар мадди аввал бояд гузошт: 1. Ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа аз таъсири падидаҳои номатлуби ғайри фарҳангӣ аз иттилоотии дохилию берунӣ; 2. Ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии равонӣ тавассути иттилоот; 3. Ҳифзи мафкураи ҷомеа аз олудашавӣ ба ғояҳои бегона. Дар воситаҳои иттилоотӣ густариши фаъолияти ҳаракатҳои сиёсӣ, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои алоҳида зери унвони дин ва эътиқоди мардум дар фазои озоди демократии имрӯза зиёд ба назар мерасад. Таассуфовар аст, ки солҳои охир миёни муҳоҷирони корӣ ва баъзе бошандагони тоҷики муқими мамлакатҳои хориҷӣ ташвиқоти зиддидавлатӣ вусъат ёфта истодааст, ки мақсад аз он дарёфти дастгирӣ аз ҷониби созмонҳо ва ниҳодҳои махсуси аврупоӣ баҳри халалдорсозии вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар кишвари мо иборат мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман, паҳн намудани маълумотҳои танқидӣ, иғвоангез ва экстремистӣ ба зеҳну тафаккури ҷомеа нисбати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Тайи як соли охир чунин таъсиррасониҳо ба ғайр аз ташкилот ва ҳаракатҳои дигари террористию экстремистии сатҳи минтақавӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24», «Паймони миллии Тоҷикистон», “Анҷумани муҳоҷирон”, барномаҳои интернетии “Ислоҳ-нет”, “Минбари муҳоҷир” дар шабакаи Ютуб ва даҳҳо саҳифаҳои шахсони бадхоҳу иғвоангез нисбат ба давлат бештар шудаистодаанд. Чунончӣ саркардагон ва ҷонибдорони ташкилотҳои болозикр ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои интернетии YouTube, Facеbook ва ғайраҳо дар мавзуъҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии шаҳрвандон таблиғот бурда, бо ин роҳ мақсад доранд, ки алоқаҳои байни ҷомеа ва ҳокимияти давлатиро вайрон сохта, ба равандҳои иҷтимоию сиёсии мамлакат таъсиррасон бошанд. Ҷангҳои иттилоотии роҳандозигардида тавассути имкониятҳои фаровони иттилоотию коммуникатсионии интернетӣ ба ин ташкилотҳо имконият медиҳад, ки дар давоми солҳои охир шумораи обуначиёнашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даҳ то садҳо ҳазор нафар расад ва таблиғоти харобкоронаашон ба афкори гурӯҳҳои алоҳида, аксаран муҳоҷирони меҳнатии берун аз қаламрави мамлакат ва ҳатто ҷавонони синфҳои болоии мактабҳо ва донишгоҳҳо таъсиррасон гардад. Бо дарназардошти чунин шароит моро зарур аст, ки дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор аз ҳарвақта дида бештар ба коркарди моделҳои пешгирикунанда ва муқовимати таъсирбахш дар фазои иттилоотӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем. Зеро, пешгирии иттилооти хусусияти ҳангомадору иғвоангез, пешгирии воридшавии рӯҳияи тундгароӣ ва гирифтани пеши роҳи мағзшӯии ҷавонон дар фазои иттилоотии мамлакат вазифаи муҳимми ниҳодҳои марбута ва мову шумо ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи ин гуна муборизаҳои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки инқилобҳои ранга дар натиҷаи чунин таъсиррасониҳои манфӣ ва коркардҳои стратегии модели «Баҳори араб» дар як қатор мамлакатҳои муосир бесару сомониҳо, низоъ ва ҷангҳои дохилӣ ба вуқуъ омадаанд. Тавассути иттилоот сепаратизм, терроризми иттилоотӣ ва ҷангҳои таҳмилии киберӣ авҷ гирифта ҳатто ба истиқлолияти давлатҳо таҳдид намуда истодааст. Дар росто дар интернет нест кардани маводхои нашршудаи дорои хусусияти иғво, ҳангомабофӣ, ғаразу кинаҷуи, мағзшуӣ, тарғиби барномаҳои экстремистӣ ва амсоли ин хеле мушкил аст. Барномаҳое низ мавҷуданд, ки матнҳоро боз барқарор менамоянд; Бинобар ин ҳифзи фазои иттилоотии кишвар масъалаи актуалии сатҳи давлатӣ мебошад, ки ҳамагон новобаста аз касбу шуғл бояд дар он самҳмгузор бошем. Дар ин роҳ: 1. Тақвият бахшидани дунявият ҳамчун тафаккури давлатӣ; 2. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз қабили забон, фарҳанг, маънавиёт; 3. Боло бурдани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ; 4. Қувват бахшидани сатҳи дарку фаҳмиши ҷавонон дар самти мутолиаи дилхоҳ иттилоот ва қазоват кардани он; омилҳое мебошанд, ки дар таҳкими амнияти иттилоот ва пешгирии паёмадҳои номатлуб мусоидат менамояд. (Ин мавзуъ серпаҳлу ва доманадор аст, шаммае аз як самт фишурда баён гардид)

Вализода Муҳаммад сокини Чамоати дехоти Фархор

Ҳеҷ овозе нест