АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ – МУҚАДДАС

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Кишварҳои олам ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ ба нақши Тоҷикистон дар мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки дар пойтахти мамлакати мо-шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба тадбирҳои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои ҳалли раҳоӣ аз чунин мушкилот бо иштироки давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва доираи васеи коршиносону сиёсатмадорон баргузор мегарданд. Мафҳуми «терроризм» имрӯз дар фаҳмиши мардум бо шаклҳои гуногун шарҳу баён дода мешавад, аммо маънои асосӣ ва моҳияти он даҳшатафканӣ буда, муқобили зиндагии осоиштаи мардум аст ва бо дигар мафҳумҳои номатлуб ба монанди «террор», «фаъолияти террористӣ» ва «ҳаракати террористӣ» алоқамандӣ дорад. Терроризм ва экстремизм давоми таърихи инсоният ба сари одамони қитъаҳои гуногун новобаста аз мансубияти милливу диниву мазҳабӣ офату балоҳо ва бадбахтиҳои зиёде овардаасту оварда истодааст ва хеле барвақт, айёме, ки ҳанўз гуруҳи экстремистиву террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ ба ном «ДИИШ» («Давлати Исломии Ироқу Шом») арзи вуҷуд накарда, сар набардошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки пеши ҳар як неруи вайронсоз ва бадбахтиовар гирифта шавад ва бо хирадмандиву дурандешӣ даъват ба амал оварданд, ки донишҷўёни дар мамлакатҳои хориҷӣ, дар риштаи улуми динӣ таҳсилкардаистода ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонида шаванд. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе шахсиятҳо ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Бояд қайд кард, ки коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: якум сиёсӣ, дуюм миллӣ ва сеюм динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки тарафдоронаш дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои соҳибтамаддун ҳеҷ кадом аз аъмоли террористӣ қобили пазириш нест, чунки натиҷаи он ҳалокати мардуми бегуноҳ аст. Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки қатлу куштор, ваҳшоният, вайронкорӣ, ғасби давлатҳои алоҳидаро ҷиҳод номида, ҳадафи асосии худ қарор додааст, дар асл чунин амалҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳод нест. Магар қатлу куштори инсон ва бе сарпаноҳ кардани занону кӯдакон ҷиҳод аст? Маънои калимаи ҷиҳод – ҷиду ҷаҳд дар кори хайр ва амали хайр аст. Бузургтарин ҷиҳод – ин ҳимояи марзу буми Ватан аст, бузургтарин ҷиҳод барои миллат дасти кӯмак ва саховатмандӣ дароз кардан аст, бузургтарин ҷиҳод ин хидмати падару модари хеш аст, бузургтарин ҷиҳод ҷавонони ба доми ин гуна гурӯҳҳо афтидаро наҷот додан аст, бузургтарин ҷиҳод таъмини оила аст. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, аз он иборат аст, то аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯйе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд мекунанд: «Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Пас, моро мебояд, дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем ва сулҳу оромиро барқарор нигоҳ дорем ва Ватани маҳбубу зебои худро боз ҳам зеботару шукуфонтар бикунем.
Мадина НАБИЗОДА

Ҳеҷ овозе нест