Бадахшон дар оянда дарвозаи тиллоии кишвар хоҳад шуд.

Даҳаи дувуми моҳи сентябри соли 2018 сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи навоҳоии вилоятии Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт.

Зимни боздид Роҳбари давлат аз ҳаёти сокинони ин манотиқи дурдасти кӯҳистон аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Тазаккӯр бояд дод, ки ин сафари 58-ӯмини Чаноби олӣ ба ин мавзеи дар ҳақикат бихиштосо, диёри кӯҳҳои сар ба афлок буд. Бадахшон бо олами набототи нодир, рӯду дарёҳои кӯҳӣ, санҳҳои мармару лоҷувард ба оламиён маҳхур аст. Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз чониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мардуми шарифу тамадунофари тоҷикро зарур аст, ки дар баробари ифтихор аз ин диёри ҳамешабаҳор, ки таваҷҷӯҳи оламиёнро беш аз пеш ҷалб кардаву майли дидани ин сарзамини афсонавиро доранд, дар навбати худ муазафф ҳам ҳастанд, ки бо сокинони Хоруғшаҳр –маркази маъмурии ВМКБ ба вукӯъ пайваст, диққати бошандагон ва фаъолони вилоятро ба як нуктаи муҳим бештар ҷалб намуд, ки рушди иқтисодии вилоят дар баробари дастгирии ҳамешагии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заҳмату сулҳу суббот, вахдату оромии ин минтқаи дурдаст иртибот дорад. Бо истифода аз нерӯи зехнӣ, саҳми фарзандони донишманду ояндасоз метавон Бадахшонро дар ҳақиқат мавзеи сайру саёҳат, макони барқароркунии солимию сиҳатии мардум табдил хоҳад дод.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти рушди иқтисодии Бадахшон аз буҷаи давлат нисбати дигар манотиқи кишвар маблағҳои зиёде масраф менамояд. Дар баробари ғамхории хамешагии Роҳбари давлат мардуми заҳматписанду бо заковати Бадахшонро мебояд бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ дар таҳкиму пойдории ин минтақаи афсонавӣ саҳмгузор бошанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Бадахшон аз боздид ва воӯрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, дар бунёд ва таҳкими кишвари соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳмгузор мегарданд.

                                                                                                                                            САФАРЗОДА ҒАЗАЛШОҲ ҒУЛОМ

Миёна: 6 (1 vote)