Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа дар соли 2025

            Санаи 15 - уми июл дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои ҳукумати ноҳия, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилот, директорони муассисаҳои таълимӣ, эмомхатибон,раисони маҳалла ва фаъолон ширкат доштанд.

           1752751946170.jpgДар рафти маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба пешвози Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар баррасии масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасоиҳо, мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардидаанд аз баъзе роҳбарон ва масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида, шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноат, сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ, сохтани мактабу синфхонаҳои иловагӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, асфалтпӯш кардани роҳҳо бо ҷалби соҳибкорону сокинон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.

          1752751946153.jpgГуфта шуд, ки айни ҳол дар ноҳия 12 лоиҳа бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолият намуда истодааст. Имсол бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 60 км роҳҳои маҳаллӣ азнавсозиву асфалтпӯш гардад. Барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани заминҳои кишт ба ноҳия ду экскаватори қутрашон 17 метра ворид карда шудааст.Ин боис гардид,ки ҳолати мелиоративии садҳо гектар замин беҳтар шавад. Рафти корҳо дар ин самтҳо бо маром идома доранд.

             1752751946161.jpgТаъкид гардид, ки барои ба зиндагии хубу пурсаодат расидан ҳама бояд якдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Дар маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Кумитаи идораи замини вилоят Раҳимзода Сафар иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳеҷ овозе нест