Айёми нигоҳубини пахтазор

Дар соҳаи кишоварзӣ деҳқонони асилу ботаҷриба ҳамеша як нуктаро боэҳтиром ва ҷиддият ёдовар мешаванд: Ин арзиш вақт аст. Мегӯянд, ки вақт тилло аст, ё вақт рафт нақд рафт. Боз мегӯянд, ки “Як рӯзи баҳор пур кунад анбор” ва боз суханоне ҳастанд, ки барои мо кормандони соҳаи кишоварзӣ панду маслиҳатанду роҳнамои ҳама корҳоямон.Агар гӯем, ки баҳори соли равон барои ҳамаи зироатҳо қуллай ва мусоид омад, хато нахоҳем кард.Ҳоло моҳи ҳалкунандаи нигоҳубини пахтазор аст. Бояд ҳар фарде, ки ба кори деҳқонӣ шуғл меварзад бо як ғайрату азму субот ҳар рӯзи ин айёмро истифода барад. Ҳоло дар майдони 9740 га пахтазори ноҳия ниҳолҳои пахта нашъунамо доранд, бинобар он ба мо зарур аст, ки нармкунӣ, тоза кардани атрофи он аз алафҳои бегона, об, ки онро хуни пахта аст мегӯянд,озуқадиҳӣ ва аз ҳар гуна ҳашарот эҳтиёт кардан мебошад, равона намоем. Соли равон мувофиқи нақшаи дурнамо дар майдони 9740 га пахта кишт карда шуд, ки 240 гектари он бо усули санҷидашудаи зери плёнка мебошад. Чуноне тазаккур додем, дар тамоми 4877 хоҷагии деҳқонӣ сабзишу нашъунамои ниҳолҳо хуб аст.
Дар ин бобат махсусан фаъолияти якчанд хоҷагиҳо: Шамшод – 05 – аз ҷамоати “Хутан” раисаш Азимов Раҳматулло, “Дӯстӣ –60, раисаш Мумин Ятимов, “Шоҳи Аҳтам” – раисаш Шариф Ғаффоров, “Боғи Нодир” – раисаш Нодиршоҳ Умаров, “Саховат” – раисаш Саъдулло Бобиев, ва боз якчанд номҳои раисони хоҷагиҳоро бо эҳтиром номбар кардам мумкин, ки бо ҷидду ҷаҳд ва масъулиятшиносии хеш дар кори афзун гардонидани неъматҳои моддию ғизоӣ, аз он ҷумла пахта, ки зироати қимматбаҳо мебошад, саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Бояд таъкид намоем, ки пахта зироати меҳнатталаб ва басе нозук аст. Қаблан деҳқонони асил ба таври нимҳазлу нимҷиддӣ мегуфтанд, пахта як талабу таманно дорад: ”Ман на сояро дӯст медорам ва на ҳамсояро”. Ин мақол ҳам пурасрор буда, маънии онро деҳқонони пахтакор кайҳо дарк кардаанд. Ҳоло дар майдонҳои пахтазор ҳаррӯз 50 – 60 адад тракторҳо ба корҳои нармкунии бехи ниҳолҳо, ғизодиҳӣ машғуланд, ки ба сифати кори онҳо назорати доимӣ зарур аст.
Боз такрор мекунем, обмонии пахтазор кори ҷиддию масъулиятнок аст. Алҳол об дар ҳамаи майдонҳо мерасад. Нуриандозӣ ва ғизодиҳии ниҳолҳоро бояд мувофиқи талабот ба роҳ мондан лозим аст. Барои ин шароити иқлим дар моҳи июн ва июл пурра ба эътибор гирифта шавад. Обмонии якум, нуриандозӣ ва озуқаи азотӣ, обмонии дуюм ва озуқаи дуюмро оқилона ташкил кардан ба фоидаи кор ё ин ки ҳосилбандии хуби ниҳолҳо мебошад. Бояд таъкид намоем, ки махсусан дар моҳҳои июн- июл шонабандии ниҳолҳо ва пайдоиши кӯрак оғоз меёбад.
Дар ин айём куракҳо нарм буда, ҳашарот (кирм) онро ба осонӣ зарар мерасонад. Дар ин миён агар замини пахтазор намнокиаш зиёд бошад, ҳашарот ниҳолҳои шонабастаро ба осонӣ хароб мекунад. Бинобар он ҳангоми обмонӣ меъёри об дар заминҳои таҳдашт пурра карда шавад.
Риояи қатъӣ ва оқилонаи ин талаботҳо омили асосии фаровонҳосилӣ мебошад. Маҳмадшариф Намозов, сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор,