Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2025

15 – октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид. Дар он Зариф Назирӣ – раиси ноҳияи Фархор, Раҳимзода Сафар – раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа нахуст ҳисоботи муовини раиси ноҳия Вализода Насрулло, ки бо маърӯзаи пурмуҳтаво ва фарогири таҳлили тамоми самтҳои хоҷагидории ноҳияро дар бар мегирифт шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия 108,2% иҷро гардида, ба ҷои 53024,0 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 57385,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 4361,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 10587,0 ҳазор сомонии пешбинишуда 12624,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 119,2% - и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 28464,1 ҳазор сомонӣ 27489,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид,ки баробар ба 96,6% мебошад. Дар самти сохтмон ва меъморӣ зикр карда шуд, ки дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2025 нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 139836,6 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Айни замон дар 6 адад муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, Шарикони рушд, соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ сохтмони 85 адад синфхона барои 2040 ҷойи нишаст дар як баст бо маром идома дорад. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди МТМУ №56 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор муҳтарам Умаров Мансурҷон 13 синфхона барои 320 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд, ки шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон таъмин гардид. Дар раванди созандагиву бунёдкорӣ дар самти бунёд ва таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ аз 60 километри ба нақша гирифта шуда, аллакай 45км роҳҳо бо дастгирии сокинону соҳибкорони ватандӯст мумфарш карда шудааст. Оид ба иштироки сокинон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зикр гардид, ки 16 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда, нуҳ нафари онҳо соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 501 нафар хонандагон, 5 нафар намояндаи касбу кори гуногун, 45 нафар омӯзгорону муррабиён ва 3 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 36 нафар хонандагон, 3 нафар омӯзгорон, 1 нафар касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд, ки аз ин ба даври ҷумҳуриявӣ 2 нафар-1 нафар аз касбу кори гуногун ва 1 нафар хонанда роҳхат гирифтаанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии ”Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи наминатсияи ихтироъкорӣ корманди тибби ноҳия Сунатулло Шарипов ҷойи якумро дар вилоят ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.  Дар маърӯзаи худ муовини раиси ноҳия оид ба фаъолияти дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия – тандурустӣ, варзиш ва ҷавонон, муҳоҷират, нақлиёт ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд.  Пас аз маълумотҳои ироашуда раиси ноҳия Зариф Назирӣ вобаста ба камбудиву норасоиҳо ва сабабҳои иҷро нагардидани баъзе аз вазифаҳо аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварданд. Раиси ноҳия махсусан аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ва шабгардии онҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 

      Дар рафти ҷаласа ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд, ки ба истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда доир ба тезонидани корҳои ободонию созандагӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам,беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, сохтмону навсозии роҳу пулҳо, бунёду барқарор сохтани корхонаву коргоҳҳо ва боз ҳам зебо гардонидани шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ корро боз ҳам ҷоннок намоянд. Дар умум натиҷаҳои рушду иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон назаррасанд, аммо камбудиҳо низ ҷой доранд ва мо бояд бо дастаҷамъӣ ҳар як камбудии ҷойдоштаро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намуда, барои боз ҳам ба зиндагии хубу пурсаодат расидани мардум якдилона заҳмат кашем,- гуфт раиси ноҳия Зариф Назирӣ. Дар идомаи ҷаласа намояндаи ҳукумати вилоят, раиси Кумитаи замини вилояти Хатлон Раҳимзода Сафар суханронӣ кард. Дар интиҳо ба як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо барои фаъолияти хубу пурсамар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи ҳукумати ноҳия дар фазои тантанавӣ супурда шуд.

 

Ҳеҷ овозе нест