Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Фархор

Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Фархор баргузор гардид. Дар кори шӯро оид ба масъалаҳои пешбаригардида муовини раиси шӯро, муовини раиси ноҳия – Раҳматуллозода Дилбар оид ба фаъолияти шӯрои зикргардида дар соли 2025 гузориш доданд.
Аз руи масъалаи дигари шӯро Сардори ШВКД дар ноҳия –Шарифзода Баҳром гузориш дода, тазаккур доданд, ки аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳия бобати пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундрав беш аз 65-маротиба дар ҷойҳои алоҳида, бозорҳо, мактабҳо, маҳаллаҳо мулоқотҳои пешгирикунандаву судманд баргузор карда шуд.
Сипас аъзои шӯро, сардори нозироти андоз дар ноҳия баромад намуда, афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон дар соли сипаришуда 19 маротиба семинару вохуриҳо доир гардиданд. Бо мақсади дарёфти иловагии андозҳо ва пешгирии эҳтимолияти вайронкунии қонунгузории андоз дар фаъолияти 80-адад андозсупорандагон назорати камералӣ гузаронида шуд. Дар маҷмуъ дар ҷамъбасти соли сипаришуда нақшаи даромади андозҳо пурра иҷро гардид.
Аз руи масъалаи дигари шӯро Комиссари ҳарбии ноҳия – Умарзода Меҳриддин баромад намуда, зикр кард, ки бобати сафарбарии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳия корҳои муайяне сомон дода шудааст. Дар давраи сипаригардида, нақшаи даъвати ҳарбӣ саривақт иҷро гардид. Дар давраи даъвати нав ба сафи артиш ҳамаи аъзои шуро, фаъолони ҷомеаи шаҳвандӣ ва волидон бояд бо дарки масъулият ва вазъи ҷомеаи ҷаҳон барои сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дастгири сиёсати давлат бошанд.
Каюмзода Сайёд - аъзои шуро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш зимни баромади худ тазаккур дод, ки барои пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояткорӣ, шомил нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ, дигар падидаҳои номатлуб мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои судманд гузаронида мешаванд. Бобати пешгирии воридшавии фарҳангӣ бегона дар ҷомеа мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ бурда мешаванд. Масъалаҳои пешбаригардида баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.





