12-феврал «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад»

Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи корӣ оид ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Дар ҷаласаи корӣ оид ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад», масъулини мақомоти прокуратураи ноҳия баромад намуданд. Зимни баромад тазаккур дода шуд, ки Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки дар асоси супоришҳои Президенти кишвар аз соли 2015 қабул шудааст, дар минтақаи Осиёи марказӣ аввалин мебошад ва фаъолияти пешгирикунандаро дар муқовимат бо тундгароӣ, хурофотпарстӣ ва экстремизму терроризм дар бар мегирад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқӣ Қатъномаи умумии Созмони милали мутаҳидро дар самти пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад, корбарӣ намуда, тадбирҳои мақсаднокро амалӣ менамояд.

Ҳеҷ овозе нест