Суҳбати муовини раиси вилояти Хатлон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Фархор

Мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон бо сокинону фаъолони ноҳияи Фархор баргузор гардид. Зимни суханронӣ Раҳмонзода Абдулло муовини раиси вилояти Хатлон тазаккур доданд, ки бобати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони ноҳия, аҳли заҳмат, омузгорон, занону бонувон, ҷавонон ва ҳама қишрҳои ҷомеа бо як дилгармии хос ва ифтихори ватандорӣ беш аз ҳар вақти дигар бо шавқ ва масъулият талош намоянд. Ҳамзамон ба масъалаҳои тозагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ, сафарбар намудани мардум ба тозагии хонаву дар, кучаву маҳал ва дастгириву кумаки якдигар, истифодаи самараноки заминҳои корами обӣ, захираи маводи дусолаи ғизоӣ дар ҳар як хонадон тавсеаҳои судманд доданд. Зимнан бобати таҳкими пояҳои идеологӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи сарзамини аҷдоди ва сарҳади далатӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, пешгирии хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба тассуби диннӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ, пешгирии таълимоти динии ғайрирасмӣ дар ҷомеа дастуру супоришҳои судманд доданд.

Ҳеҷ овозе нест