КДАМ намекобад - КДАМ амнияти кулли мардумро таъмин менамояд (вокуниши аҳли зиёи ноҳияи Фархор ба мақоллаи «КДАМ дар Бадахшон чӣ мекобад

Муаллифи мухтарам! Аслан худи номи маколлаи Шумо соддалавҳона ва бемаънӣ буда, заррае ҳам асоси мантиқӣ надорад. Наход Шумо масъулияти соҳавии КДАМ-ро надонед, ки чунин савол додаед? КДАМ масъули кули шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Точикистон ва хатто берун аз он мебошад. Мардуми шарифи Бадахшон ҷузъи ин кишваранд. Аз ин лиҳоз КДАМ, чӣ дар Бадахшон, чӣ дар Хатлон ва чӣ дар Хисору Рашту Зарафшон намекобад, балки вазифаи касбии худ-амнияти миллатро таъмин мекунад.

Шумо қайд кардаед, ки мутобиқи маълумоти КДАМ дар Бадахшон дар 5 соли охир зиёда аз 1500 мил силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст ва микдори зиёде низ дар дасти мардум мавҷуд асту вале ин маълумот далели шайъӣ надорад. Ва ҳамон замон илова кардаед, гардиши ғайри конунии силоҳ ва  маводи мухаддир ба тулонӣ будани марзи Бадахшон бо Афғонистон, мавзеи чуғрофии ин минтақа ноқис будани имконияти назорати он вобаста буда, содиркунандагони ин ҷиноятҳо бадахшонӣ набуда, ҷинояткорони дигар маҳалҳо аз ин минтақа истифода мебаранд. Ва ҳатто мо агар кабул кардем, ки Шумо ҳакед. Пас, Шумо пешниҳод карданиед, ки силоҳу маводи мухаддире, ки ҷинояткорон аз марзи Бадахшон интиқол медиҳанд, КДАМ пешгириву кофтукоби онро дар ҳудуди Суғду Ҳисор анҷом диҳад? Ачаб мантиқе!? Шумо боз бе ягон мулҳизаву итиҳолае бе руёна гуфтаед, ки раиси ҷумҳӯр ба мардуми  Бадахшон таънаву таҳдид ва миннат кардааст, ки гуё Шумо минтақаи кумакгир буда дар 27 сол ба давлат чӣ додаед?

Аввал ин, ки минтақаи Бадахшон дар хақиқат кумакгир аст, дувум ин ки таҳдид на ба мардуми қатории Бадахшон, балки ба гуруҳҳои ҷиноятпешша нигаронида шуда буд ва саввум ин, ки наход Шумо ба ҳайси сардори оила боре ҳам ба аҳли байтатон барои ба нанг овардан, ҳисси шарафу номуси онҳоро бедор намудан барои манфиат овардан ба оила, ба манзили зист, ба мардум, барои ободонӣ ва ҳифзи дастовардҳо насиҳате, панде, сарзанише надода бошед? Пас Шумо падари хубе набудаед. Чаро кушишҳои Пешвои милат ва заҳматҳои мардуми баномуси Бадахшонро дар солҳои Истиклолият барои ободии ин қисмати биҳиштосои кишвар кам мегиред.

Шумо ҳамчун як ҳомию дилсузии мардуми Бадахшон, рӯҳи озодихоҳи якпорчагии эшонро дар пайравии «пешвоён»-и маҳалиашон бедор карданиед. Озодихоҳӣ аз ки ва аз кучо? Магар даҳҳо ҳазор (агар сад ҳазор набошад) бадахшониҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар оилаҳои  муштарак зиндагии осоиштаву хушбахтона надоранд. Гӯшро боз аз нохун ҷудо карданиед? Онҳоро ба «озодихоҳӣ» даъват намуда, аз манзили ободу наздиконашон ҷудо карданиед?

Магар ин ҳама қурбониҳову харобазорҳое, ки ба сари мардуми шарифи Тоҷикистон омада буд кам аст?

Пайравӣ ба пешвоёни маҳаллӣ?! Магар аз навшоҳигарии Бадахшон, бе кигарии Қаротегину Хисор, хонигарии Куканду миригарии Хатлонро эҳё карданиед?

Вале, магар мардуми ба ору номуси ободсози Бадахшон фиребу найрангҳои навбатии Шуморо хурда ба шумо «байат» мекунанд?

Хестед, ки хобед!

 

 

НАИМОВ АБДУРАҲМОН

 

 

Ҳеҷ овозе нест