Мизи мудаввар дар мавзӯи хушккунонии мева дар ноҳия

   

dfdf.jpg

Ба хотири рушд ёфтани буҷаи хонаводагӣ ва раҳоӣ ёфтан аз камбизоатӣ таҳти сарпарастии ташкилот аз рӯи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Агентии Ҷопон лоиҳаи « Хушккунонии мева ва савдои назди сарҳадӣ» - ро  дар ноҳияи Фархор амалӣ намуда истодааст. Алҳол дар ноҳия 1648 га заминро боғуроғ ташкил медиҳад, ки 348 га майдони онро танҳо зардолузор дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкурро тренер – ассистент координатори ТҶ «Бонувони Хатлон» Мақсудхоҷаева Гулбаҳор таҳия кардааст, ду моҳ боз дар ноҳия роҳандозӣ шуда истодааст. Макони мунҳал шудани лоиҳаи зикршуда ҷамоатҳои деҳоти Зафар, Деҳқонариқ ва Ғайрат интихоб шудаанд. Аз ин се ҷамоат 45 хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби ҳосили боғҳои ба ҳосиломадаашон миқдори зиёди меваҳои хушки зардолу, шафтолу, себ, нок, хурмо, олуболу, олуча ва бодомро захира кардаанд. Аз суҳбати мизи мудаввар маълум шуд, ки боғдорони ин се ҷамоат харидорони худро ёфтаанд ва ҳамзамон даромади хуб ҳам гирифтаанд.

Дар рафти суҳбати мизи мудаввар маълум карданд, ки хоҷагидорон то 30 – 40 фоизи меваҳои тезисрофшавандаи худро хушк намуда, ба муштариёнашон бо нархи дилхоҳ фурӯхтанд. Кош, ҳама аз маҳсулоти боғоти ҳавлигиашон чӣ меваҷот ва ё чӣ сабзавот бошад, баҳри рушди ҳаёти хонаводагӣ истифода мебурданд. Ташаккур ба шумо апаи гулбахор, ки дар рушди ҳаёти оилавии мардуми диёрам лоиҳа таҳия карда, саҳми арзанда мегузоред.

                                      А. Маҷидзода.

 

Ҳеҷ овозе нест