Агар Кабирӣ ақл медошт, худро бозичаи сари к…и динситезони Эронӣ намекард

Росташ, вақте ки мақола – баёноти кумандони ИНОТ Ҳаким Қаландаров «Дар хонаи Нурӣ ду эронӣ гуфтанд, ки ба ҳоҷи Ҳалим як миллион доллар додем» - ро  аз рӯзномаи «Фараж» хондам, аз он эрониҳое, ки онҳоро ҳамзабон, дар таъриху фарҳанг ва адабиёт бо онҳо  муштарак буданро медонистам, дилам аз онҳо хунук шуд. Вақто ки назҳатиҳои тоҷик баъди ба миллат ва давлати навини тоҷикон хиёнатҳои нобахшиданӣ карда, андешаи миллату давлати соҳибистиқлоли хешро накарданду фирефтаи шеамазҳабҳои Эронӣ шуданд, дар камина умеди он ки дар оянда ин кишвари ҳамфарҳангу ҳамҷавор дастгири давлати Тоҷикистон мешавад, намонд. Дар рӯи як саҳифаи бутуни рӯзномаи «Фараж» атрофи ҳамин хиёнатҳои ҲНИТ андешаҳои Ҳаким Қаландаров, ки сокини ноҳияи Панҷ будаасту дар ҳамон солҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ аз пешсафтарин қумондонҳои ИНОТ ба ҳисоб мерафтааст, сири ин хиёнатҳо дарҷ шудаанд. Дар воқеъ ҳизби назҳати Исломии Тоҷикистон як ҳизби сохтаю бофтаи шеамазҳабҳои кишвари Эрон будааст, ки фарзандҳои гумроҳу аз худу аз миллати худ ноогоҳи тоҷик кӯр – кӯрона қабулаш кардаанд ва ба таври бешуурона  аз рӯи дастурҳои ғаразолуду экстремистию террористӣ онро дар Тоҷикистон бар зидди миллату давлати тоҷикон роҳандозиаш кардаанд. Кабирию думравони ноқисулақлаш имрӯз дар тамоми кишварҳои хориҷӣ он ҷавононе, ки на саводи дурусти динӣ ва на саводи дунявӣ доранд, онҳоро ба дом афтонда, аскар ҷамъ карда ба Тоҷикистон, ки дар ин кишвар падару модаронашон, зану фарзандонашон, хешу ақрабояшон, миллаташон осудаҳолона зиндагӣ доранд, ҳуҷум карда, қатлу куштор ташкил карда, давлати исломӣ сохтан мехоҳанд.  Давлате, ки бунёдаш бо куштор шуруъ мешавад ва ҳама вақт бо куштор идома бояд ёбад. Кабирию хиёнатпешаҳояш бояд ба тамоми халқи кишварам маълум шуда бошанд, ки онҳо барои мақсадҳои нопокашон тайёранд, ки аз болои зану фарзандони миллати тоҷик бигузаранд.

 Аз ин лиҳоз ба ҳамаи ҷавонони тоҷик, алалхусус он ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатианд, ҳушдор медиҳам, ки ба доми ин иблисони одамсурат наафтанд. Як ба хотир биёред, ки онҳо ба ҷузъ қатлу ғорат ва хиёнат ба миллату давлат дигар коре накардаанд ва ҳам намекунанд. Бо макрҳои иблисонаи Кабирию ӯ баринҳо ҳазорҳо ҷавони тоҷик талаф шудаанд. Садҳо кӯдакони маъсум сағера ва садҳо занони ҷавони онҳо ҳукми бевагиро гирифтааанд.

 Ҳама вақт миллати азизатон, ки дар он бо ҳамроҳии наздиконатон осуда зиндагӣ мекунед, хиёнат накунед.

 Миллати тоҷик бояд ба ҷузъ миллату давлат ва Пешвои муаззамаш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кассе эътимод надошта бошад. Ҳамдиёрони  азиз! Аз беватанӣ, аз раҳгумзадагӣ, аз гумроҳӣ ҳама вақт ҳазар кунед. Охир, мо тоҷикон як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон ном дорад ва вай модарбузурги ҳамаи  мо тоҷикон аст. Аз беватанӣ Худо нигоҳ дорад! Беватан ва шармандаи халқу миллат мисли Кабирӣ «дар рӯи сад дунё наёбад сарпаноҳ».

А. Маҷидзода.

Миёна: 6 (1 vote)