Қабули техникаи кишоварзӣ дар Фархор

Дар доираи таҷлили рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор як қатор чорабиниҳо доир гардид. Ҷашнвораи идона дар маркази ноҳия таҷлил гашт. Дар ин ҷамъомад раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон, директори муассисаи давлатии маркази  идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Каримзода Саъдӣ Ғаффор, як қаттор раисони хоҷагиҳои чорводории ноҳия иштирок намуда, ҳозирин ва кулли сокинони нохияро бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

t.jpg

Дар ин рӯзи муборак, хоҷагиҳои чорводории ноҳия соҳиби техникаҳои кишоварзӣ шуданд. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва дар асоси зерлоиҳаҳои аз ҷониби ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагони деҳаҳои зерҳадафи ноҳия пешниҳодгардида, маротибаи дуюм аст, ки аз тарафи муассисаи давлатии маркази  идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  рӯзи 5 ноябр ба ноҳияи Фархор дар маҷмуъ, 29 адад тракторҳои гуногун тамға, 25 адад ядакҳои тракторӣ ва дигар мошин-олотҳои кишоварзӣ оварда шуд.

tttt.jpg

Бошукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ зери сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва бунёдкоронаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишоварзони ноҳияи Фархор аз ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои кӯмаккунанда самимона сипосгузоранд.

tt.jpg

           Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон, аз маросими тақсимоти тракторҳо истифода намуда, сипосу минатдории роҳбарияти ноҳия ва кулли кишоварзону чарогоҳистифодабарандагони ноҳияро ба директори муассиса муҳтарам Каримзода Саъдӣ Ғаффор расонида, ин тӯњфаи арзанда дар арафаи љашни Рўзи Конститутсия бењтарин таваљљӯњ ба рушди соњаи кишоварзї ва бењтар гардидани сатњи зиндагии ањолии ноњия дониста шуд.

ttt.jpg

 

                                                              

Ҳеҷ овозе нест