Ба онҳое, ки дар Бадахшон ба бетартибию бенизомӣ айбдор дониста шуданд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷамҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд рӯз аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон дидан карданд. Мо, собиқадорони меҳнат аз тариқи телевизион дидем, ки ноҳияҳои ин вилояти овозадори кишвар мисли Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Рушон, Роштқалъа ва Хоруғ дар байни куҳҳои сар ба фалак кашида чӣ қадар зебо ва обод шудаанд. Биноҳои бисёрқабата, кӯчаҳои асфалтпӯши маркази ноҳияҳо, гулгаштҳо ва корхонаҳо ба ҳусни шаҳракҳои вилоят ҳусн замъ кардаанд. Ҳеҷ кас офтобро бо доман напӯшонидааст. Ин ҳама ободиҳо, ин ҳама зебоӣ ва рушди ноҳияҳои вилоят  аз баракати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти миллату давлат ба даст омадааст, ки мардуми кишвар бояд шабу рӯз шукронаи онро кунанд. Чӣ мегӯед, ки як зумра худобехабарҳо, фарзандони бенангу беномуси ин вилоят, саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб, Мамадбоқиров Мамадбоқир, Мамадасламов Ёдгор, Мазоров Хурсанд, Шанбиев Мунаввар ба дасти гумроҳкардагонашон беш аз  200 адад силоҳи оташфишон аз тапончаю норинҷак то комплекси зенитӣ додаанд. Модом, ки ин қадар «арсенал» доштаанд, пас онҳо ба муқобили давлат тайёрии ҷангӣ доштаанд.

 Муаллимон, падару модарони солори бадахшонӣ ин мардҳои ҳузарб, ки номбарашон кардем, муаллим, падару модар ва дигар калонсолон надоштанд! Ҳамин проблемаро низ Ҷаноби Олӣ сари вақт ҳал карданд. Худо накарда ин қадар яроқҳо ба забон меомаданд, оқибаташ чӣ мешуд? Садҳо аскарбачаю афсарбачаи тоҷик шаҳрвандони бегуноҳ кушта мешуданд. Ё ин зумра нобакорони вилоят ҷанги шаҳрвандиро аз сари нав болои миллат ва давлат ташкил карданӣ буданд!

 Чаро касе пеши роҳи ин ҷинояткорони муташаккилро нагирифт?! Мо гумон мекунем, ки дар  Бадахшон гуноҳи нобахшиданӣ бетарафӣ буд. Оё осуда зиндагӣ кардан, дар фазои ороми сулҳу ваҳдат зиндагиро пеш бурдан ба кӣ зиён овардааст?!

 Дар намоиши телевизионӣ дидем, ки чунин ҷавонони аз ақлу ҳуш бехабар дар мошинҳои шишаҳояшон сиёҳкардагӣ бо рақами давлатҳои ҳамсоя озодона мегарданд ва ҳатто ҳамроҳашон норинҷаку таппонча ва дигар навъи силоҳ доранд, на дидбонгоҳҳо ва на кормандони милитсияро итоат намекунанд. Гуё кӯчаҳои шаҳри Хоруғ барояшон кӯчаҳои Чикагои Амрико бошанд. Наход ин бетарбияҳо падару модар надошта бошанд! Онҳо сари мардуми бадахшониро хам карданд. Баъд аз 27 соли давлатдорӣ, баъди он ки кишварро аз ҷангзадагӣ раҳоӣ бахшидему ҳама соҳаҳои зиндагиамонро рушд бахшидем ва дар ҳамин рӯзҳои наздик агрегати  аввалини НОБ – и Роғунро ба кор медарорему дар Бадахшон як зумра бегонашудаҳои миллат омодаи ҷанг будаанд, аз ин дида дигар айбу гунаҳ намешавад. Дар Бадахшон ҷанг набуд, лекин то омадани Оғохон мардум чӣ мехурданду чӣ азоб доштанд, бояд сокинони Бадахшон бидонанд. Бидонанд, ки ҳамон Оғохон ҳам бо талаб ва хоҳиши Ҷаноби Олӣ барои кумак даъват шуда буданд. Ҳамаи ин азобҳо, нооромиҳо натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандии кишвар буданд. Имрӯз бояд шукронаи сулҳу ваҳдат, тинҷӣ ва серию пурии ризқу рӯзӣ ва хонаи ободу Истиқлолияти кишварамон кунем. Бисёр ба маврид гуфтаанд:

 Ман нагӯям хизмати зоҳид гузин ё майфурӯш,

 Ҳар ки ҳолат хуш кунад, дар хизматаш чолок бош.

  Воқеан ҳам ҳар касе заҳматҳои Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи давлатсозӣ ва ваҳдату Истиқлолияти кишварамон нодида мегирад, кӯр мешавад. Кӣ намедонад, ки Ҷаноби Олӣ дар пайи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ талошҳое накарданд. Худо он касро дар ин роҳ бо нияти некаш муваффақ гардонид. Ҳамаи ин талошҳо барои мо буд. Пас чӣ гуна дар хизматашон набошем! Бузургии ин марди шарифро бубинед, ки барои амнияти мардуми  Бадахшон Раиси амнияти миллии кишвар, Вазири корҳои дохилӣ ва Прокурори генералии мамлакатро ба тӯли як моҳ нозир монданд, ҳамзамон саркардагони гуруҳҳои муташаккилро бори аввал авф ҳам карданд.

 Охир, аз нигоҳи Қонун онҳо бояд ҳукм ба зиндон мешуданд. Ин бахшиш модарону падарони ҷавонони бадахшониро водор мекунад, ки дар тарбияи фарзандон саҳми арзанда гузоранд. Мавлонои Балхӣ  атрофи ҳамин масъала бисёри бисёр хуб гуфтааст:

 Биё то қадри ҳамдигар бидонем,

 Ки то ногаҳ зи ҳамдигар намонем.

 Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

 Сагӣ бигзор, мо ҳам одамонем.

Холов Шамсулло, Исмоилов Саидаҳмад, Авзалов Ҳабибулло, Ғаффоров Ҳабибулло, А. Маҷидзода, сокинони н. Фархор

Ҳеҷ овозе нест