ОБОДОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Соҳибкорон ва сокинони деҳаи «Куҳандиёр» - и Ҷамоати деҳоти «Ватан» аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба корҳои ободониву созандагӣ вусъат бахшиданд. Онҳо тасмим гирифтаанд,  ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 – и зодгоҳашонро таъмир намоянд. Барои амалӣ намудани ин мақсадашон як миқдор маблағ ҷамъоварӣ намуда, сементу арматура ва дигар маҳсулотҳои сохтмонӣ харидорӣ карда, панҷараҳои атрофи муассисаро, ки куҳнаю фарсуда гашта буданд аз нав барқарор карданд. Инчунин атрофи муассисаро бо сангу шағал ҳамвор намуда, 15 синфхонаи таълимиро таъмир карданд. Барои синфхонаҳо бошад, 26 тахтаи синфӣ ва барои 250 ҷойи нишаст мизу курси туҳфа намуданд.  

   Яке аз  дастпарварони ин муассиса гуфтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ дар ҳавлии муассиса нимпайкараи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори муассиса шодравон Ёраҳмад Беговро хоҳад гузошт.

    Сарвари муассиса Қаландаров  Файзалӣ аз дастгирии собиқ шогирдон Аҳмадов  Акбаршо, Хайруллои Амонулло, Наҷмуддинов Элмурод, Тешаев Абдуфаттоҳ, Бегов Комил, Исломов Абдуғаффор ва устоҳои маҳаллӣ Аҳлиддини Сафар, Кукиев Ҳамза, бародарон Иброҳимовҳо ва дигар шахсоне, ки саҳми худро дар ободонии муассиса гузоштанд изҳори миннатдорӣ  намуданд.

  Ногуфта намонад, ки дар ин муассиса 560 нафар толибилмони деҳаи  «Куҳандиёр» дарс мегиранд ва шароити мусоид фароҳам овардан барои таълиму тарбияи онҳо ин ояндаи нек сохтан аст.

                                Раҳматулло Каримов, собиқ хатмкардаи муассиса.

Ҳеҷ овозе нест