Беҳтарин ибодат дар роҳи Худо амнияти миллату давлатро ҳифз кардан аст

   Имрӯзҳо дар саросари кишварҳои олам ҷангҳои идеологӣ идома доранд. Алалхусус чунин намуди мубориза кишварҳои абарқудрат Амрико, Росия, Эрон,  Кореяи шимолию ҷанубӣ ва кишварҳои арабро аз тариқи мавҷҳои фазоӣ фаро гирифтааст, ки ояндаи нек надорад. Гумон мекунам ин фаъолтарин роҳ аст, барои ташкил кардани суиқасдҳои террористию экстремистӣ дар саросари олам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон нуқтаи назари хешро дар ин ҷода хеле равшан возеъ ифода карда гуфта буданд: «Мо  ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем». Лекин чӣ мегӯед, ки сару садоҳои сагона дар фазои иттиоотӣ аз ҷониби ҳизбиёни  назҳати исломии кишвар, ки бо садҳо ҷиноятҳои нобахшиданӣ дар кишварҳои хоҷаҳояшон сарпаноҳ ёфтаанд, аз тариқи радиои «Озодӣ» - и фитнагар ва дигар каналҳои зархарид ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол санги маломат мезананд. Хулосаи ин сару садоҳои назҳатиҳои тоҷик аз кишварҳои бегона ҳаминро фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо ҳоло ҳам аз рехтани хуни мардуми хеш сер нашудаанд.

   Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анқариб дар ҳама баромадҳояшон аз ноогоҳии ҷавонон, ки дар мамлакатҳои Сурия, Афғонистону Покистон ба даст силоҳ гирифта, гӯё «ҷиҳод» мекарда бошанд, бо таассуф ҳарф мезананд. Як идда ҷавонони тоҷик, ки узвияти ҲНИТ шомил шуда ва ё дар Яману Эрон, Мисру Покистон ба таври ғайриқонунӣ таҳсили исломӣ доранд. Ҳол он ки дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе Донишгоҳи олии Исломӣ фаъолият дорад. Падару модарони чунин ҷавонон намедонанд, ки фарзандонашон дар кадом руҳия тарбия мегиранд. Бояд барои кулли ҳамватанони мо аъмоли ҷиноятпешаи ҲНИТ дарс бошад. Барои роҳбарони аъзоёни ин ҳизби сохтаю бофтаи террористӣ ба ҷузъ исломро бадном кардану ба сӯи радикализми авбошона кашидан, дар байни мардум тафриқа андохтан ва мардуми кишварро иҷборан шиамазҳаб гардонидан, ягон ҳадафи дигар надоштанд. Шиагардонии мусулмонони Тоҷикистон барои назҳатиҳои исломӣ, маълум мешавад, ки ҳамин бозиҳои сиёсии пасипардагии ҲНИТ – чиёни тоҷик тавассути террору ифрот ба сари қудрат омаданашон буд. Ва сабабҳои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани миллат ҳам ҳамин буд. Дар воқеъ ин назҳатиҳо мусалмони комил мебуданду ин ватанро як гӯшаи эмон медонистанд гуфтаҳои Қуръони Худо ва расул (с) – ро ба назар  мегирифтанд. Дар ояе аз сураҳои Қуръон чунин омадаамт: «Ва ҳар кӣ муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад». Расули Худо дар ҳадисеашон мефармоянд: «Бигӯям Шуморо, ки чист, ки намозу рӯзаву садақа фозилтар аст? Гуфтанд: Бигӯй. Гуфт: Сулҳ афкандан, миёни мусалмонон» Оё Кабирию аскаронаш аз худ мепурсида бошад, ки бо ин ояи Худо ва ҳадиси Шарифа бо ҳеҷ далел мусалмон нестанд. Онҳо ислом ва мазҳаби Имоми Аъзамро ҳифз накарданд. Кушташудагонашон ҳисоб надоранд. Беҳтарин ибодат ба ҷузъ хизмати халқ нест.

А. МАҶИДЗОДА.

Ҳеҷ овозе нест