БОЗЁФТҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ФАРХОР

Аз тарафи Институти таърихӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Ҷумҳурӣ бо сарварии доктори илмҳои таърих Бобомуллоев Саймурод, Виноградова Н, корманди Институти шарқшиносии шаҳри Москва, Дубова Н.А,-корманди Осорхонаи антропологияи шаҳри Москва ва Ломбардо Ҷавана аз Осорхонаи санъати шарқии шаҳри Рими Италия экспедитсияи археологӣ ташкил шуда, барои гузаронидани ковишҳои археологӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Бостоншиносон аслан мавзеи Ӯртабузро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

hh_0.jpg

  Пас аз анҷоми ковишҳо роҳбари гуруҳ Бобомуллоев С иброз доштанд, ки мақсади асосии экспедитсия ин омӯхтани осори таърихии асримиёнаи биринҷӣ(ҳаз III-II пеш аз милод) мебошад. Бояд гуфт, ки ҳеҷ шаҳре мисли Фархор ёдгориҳои зиёди таърихӣ надорад. Бозёфтҳо аз қабристони Ӯртабуз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин ҷо ҳазорҳо сол пеш кулолони касбӣ фаъолият мекардаанд ва зарфҳоро дар чархи кулолӣ бо санъати  баланд месохтаанд. Бошандагони ин мавзеъ мурдаҳоро дар қабрҳои ширдондор қаҷпаҳлӯ ҳамон тавре, ки кӯдак дар батни модар қарор дорад, мегӯронидаанд. Аз бозёфтҳои гӯрхонаҳо маълум мешавад, ки ҳамроҳи мардон  корд, ханҷар, тиру камон, зарфҳои гуногун аз қабили коса, табақ ва ҷом, занҳоро бошад, ба тарафи чап бо сару либос, зиннатҳои зебиши гардан, дасту по, бо косаву табақ  ва дигар асбобҳои рӯзгор мегӯронидаанд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки аҳолии ин мавзеъ дар ҳазораи дуюми  то милод ба кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор ва зироаткорӣ машғул будааст. Ҳамчунин, ҳунарҳои заргарӣ, сангтарошӣ ва савдо равнақ ёфта будааст. Маврид ба зикр аст, ки байни дарёҳои Сиру Омӯ, Фархор яке аз  маконҳоест, ки бозёфтҳои асри биринҷ пайдо гардидаанд ва ин натанҳо диққати таърихшиносону бостоншиносони ватанӣ, балки хориҷиёнро низ ба худ ҷалб кардааст. Мардуми шарифи Фархори бостон аз таърихи гузаштаи бою ғании хеш бояд ифтихор дошта бошанд, таъкид карданд бостоншинос Бобомуллоев С.

   Бояд хотирасон кард, ки Фархор бо таърихи ҳазорсолаҳои худ дар гузаштаи халқамон ҷои махсусеро ишғол мекунад. Тадқиқотҳои илмии таърихшиносону бостоншиносон аз нимаи дуюми асри гузашта оғоз шуда, то инҷониб идома дорад, вале ин макон ҳоло ҳам ба пуррагӣ таҳқиқ нашудааст.

                                                                                

 

Миёна: 6 (1 vote)