Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Фархор

      

 
w.jpg

 Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Фархор вусъати тоза пайдо карда, бад ин васила симои он беш аз пеш зеботар мегардад.
Дар иртибот ба ин, дар маҳаллаи навбунёди мавзеи Ӯртабуз бо иштироки раиси ноҳия Вализода Сулаймон дар назди муасси
,саи таҳсилоти ибтидоии №66, 4 синфхонаи нави иловагӣ барои 100 ҷои нишаст ва як Бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

ww.jpg

     Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, сохтмони синфхонаҳо аз ҳисоби ташкилоти хайриявии «Тавҳид» ва Бунгоҳи тиббӣ бошад, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Давлатов Исломуддин бо сарфи 30 ҳазор сомонӣ ва бо ду ҳуҷраи корӣ ва муҷаҳаз  бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ бунёд гардидааст.

wwww.jpg

      Ба истифода додани ин иншоотҳо мушкилии сокинон ва хонандагонро осон намуд.

 

                                                         

                                                                                                             Абдураҳмон Муҳидов

Ҳеҷ овозе нест