Эътибори назҳатиён барвақт гум гаштааст

Дар ҳама минбару анҷуманҳо ҷор задану мавқеъи суханкобиҳои назҳатиҳои аз миллат оқшударо дида, хостам андешаҳои фардии худро дар чанд сатре баён намоям. Сари кирдору рафторҳои ноҷавонмардонаи пайравони назҳатиён (ҳни) андеша ронда, ҷаҳони пур аз куштор, фанду фиреб, иѓвову дасиса, беҳуқуқиву беэътиноӣ  кардан ба хостаҳои мардум пеши рӯ меоянд.

Зиёд мубаллиѓоне онон доранд, ки метавонанд манфиати гурӯҳҳояшону шахсиятшонро пеши рӯ  дошта, равиши ақидаашон дар доираи  фарогири зарбулмасали «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» бошад.

Бо тарзи муайяншудаҳои  Конститутсия ки халқ ба он овоз додаст, зистан намехоҳанд.

Дар ин ё он ҷо амалҳоеро тарҳрезӣ ва амалӣ мекунанд, ки ба нафъи дин, ки худро бар он пайрав медонанд, ҳамнаво нест.

Аксари  мардуми ҷавони Тоҷикистон ва махсусан насли калонсол ва миёнасоли тоҷикро дигар ба қудрати сухан бозпас ба шомил шудан ба ҲНИ ё рафтан аз паси каси носанҷида номумкин шудааст.

Носозгор шудани гуфтор бе кирдор аз амалҳои пасткунандаи эътибори назҳатииён будааст, ки мардум ба дарки он ким-кайҳо рафтааст.

         Аҳён –аҳён  ҷавонони рӯзгоркамдида ва камтаҷрибаи тоҷикро онҳо метавонанд ба доми тазвирашон кашида, тарафдорони худ кунанд.

         Омили асосии  бо онҳо бастанашон низ аксаран на  пофишорӣ дар роҳи ҷиҳод, даъвои дарди ислом, балки дарди  маблаѓ аст, ки ҳама инро медонанд.

         Агар бовар надоред, аз шомилшудаҳо ба гурӯҳҳо, мазҳабҳо ва ҷиҳодрафтаҳои пушаймоншудаи баргашта, инро пурсед. Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигар амсоли инҳо ба ном «Дӯстони ватан» дигар дар назди мардум нуфузу эътибор надоранд. Сухани онҳо чун зарбулмасали «Саг меҷакаду корвон роҳашро давом медиҳад»  бояд қабул кард, ки равиши дурусти кор низ ҳамин аст.

Ин танҳо андешаи фитрии ман  буд, шумо хонандаи закӣ чӣ андеша дорӣ ?

 

                                                                                                                                   Фозил С.

 

 

Ҳеҷ овозе нест