ҲНИТ террористи байналмилалӣ

    Ҳоло ду  созмони минтақавии олам САҲШ ва  ИДМ ташкилоти террористӣ будани ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври сиёсӣ эълон ва эътироф кардаанд. Таи ду соли охир созмонҳои номбурда анқариб 3,5 миллиард аҳолии дунёро ҳушдор доданд, ки ҲНИТ ҳизби террористӣ ва хатарзо ба ҳисоб меравад.

   Ҳарчанд, ки Суди Олии Тоҷикистон то бо садҳо далелҳои муттамад ҲНИТ – ро ҳамчун ҳизбти террористӣ фаъолияташро манъ дошта, аъзоён ва раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро дар  дар ҷустуҷӯи Интерпол дода бошад ҳам, аз хатари хатарзои он ҳеҷ гоҳ бепарво будан мумкин нест. Барои ин  муаллимон, падару модарон, калонсолонамон, диндоронамон дар масҷидҳо аз рӯи талаботи ватандорӣ масъул ва вазифадор  бошанд, ки шогирдонро дар мактаб, фарзандонро дар хона, намозгузоронро дар масҷидҳо аз хабари ин ҳизби мамнуъ огоҳ кунанд. Ҳар кадоми мо масъули амнияти зиндагии хеш ва истиқлолияту ваҳдати миллату давлат бошем.

   Ҷангҳои шаҳрвандӣ хомӯш карда шуданд, давлат равиши зиндагиро ба роҳ монд. Фаромӯш набояд кард, ки мо тоҷикон чӣ дӯшвориҳои мушкилро аз сар гузаронидем. Ба қадри заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон расидан, сиёсати  сулҳофаринии он ҷанобро дастгирӣ кардан дар назди Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст.  Наҳзатиҳо аз он бесарусомониҳо истифода бурда беҳтарин фарзандони миллати тоҷик, аз қабили; Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шералиев ва садҳо дигарро бо роҳи террор аз байн бурдаанд. Ин ҳизби хуношом барои Тоҷикисонро ба хун оғушта кардан беш аз ҳазор аъзоёнашро ба кишварҳои сарпарасташ барои гирифтани таълимоти террористиву экстремистӣ фиристонда буд. Мардум аз ин кори сиёҳашон бояд огоҳ бошанд. Устод Лоҳутӣ дар солҳои сиюм дар нисбати душманони сохти нави ҷамъият гуфта буданд: «Душмани ин мартаба дар ҷамаи меш омадааст…» Аз ин лиҳоз барои мо лозим аст, ки зираку ҳушёр бошем, ҳамон душманонамон дар шаклу намуди дигар пайдо шуда истодаанд.

 Аз ин лиҳоз, ҳамватанони азиз, ТЭТ ҲНИТ дар кишварҳои ҷангзада бо терроризми байналмилалӣ бо сад роҳу восита иртибот доранд.  Ҳатто худи Кабирии беимон барои амалӣ кардани нақшаҳои террористиаш баҳри ба даст даровардани маблағ сарашро ба сад дар зада кумак пурсида истодааст. Фаромӯш накунем, ки  сулҳу ваҳдат ва оромию тинҷии кишварамон бо баҳои ҷон ба даст омадааст, ки бо қадри он бояд расид.

А. Маҷидзода.

Миёна: 4.5 (2 votes)