«Битарс аз касе, ки наметарсад аз Худо»

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди  фарзонаю дурандеши хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат  рӯз аз рӯз бо муваффақиятҳои чашмрасе ноил мегардад. Рушди кишвар  дар зарфи  27-соли даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳамагон маълум аст. Мардум шукрона аз фазои осудагӣ, сулҳу  суботи кишвар доранд.

Ин дар ҳолест, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ чанде аз  кишварҳоро  фаро гирифтааст.  Боиси  таасуф ва нигаронӣ аст, ки мардуми тоҷик дар солҳои 90 –уми асри гузашта  муҷиби бадбахтии нобахшидание гардид, ки саркардагону таҳлилгаронаш –Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби Наҳзати  Ислом (ТТЭҲНИ) буд.Имрӯз ҳам ТТЭҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад,  ки  ҷанги навро ба сари миллат дигарбора бор кунанд.

Мақоли «Битарс аз кассе, ки наметарсад аз Худо» -ро  пурра ба Муҳиддин Кабирӣ метавон нисбат дод. Зеро барои чунин ашхос дину мазҳаб, миллату Ватан,  ҳаёти инсонҳои бегуноҳ арзише надорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуданд, ки бо  дурӯғи васвасаи чун М. Кабирию ҳаммаслаконаш ки ба ояндаи ободу  зиндагии саодатманд нахоҳанд расид.

Паст зандани миллату Ватан дар назди бегонаҳо, аз минбарҳои ҷаҳонӣ магар нишонаи мусулмонию адлу инсоф нест.

М. Кабирӣ дар арафаи интихоботи ҳизбҳои сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ амал мекарданд, ҲНИ-ро «Ҳизби Худо» эълон намудаву ба он овоз доданро тақозо намуданд.

Гузашти аём собит намуд, ки маҳз роҳбарони ин ташкилоти террористию  экстремистӣ маҳз солҳои 90-уми  асри сипаригашта зомини хуни ҳазорон ҳамватанони бегуноҳи мо  гаштанд ва хисороти бузурге ба буҷаи  давлат ва рушди иқтисоду фарҳанги мо оварданд.

Аз расонаву васоити бурунмазӣ бармеояд, ки гӯё М.Кабирӣва  пайравони ҲНИ қатъан даст доштани худро дар ҳодисаҳои солҳои  90-уми асри гузашта ва  табадулоти  сентябри соли 2015 – Ҳоҷӣ  Ҳалим Назарзода  рад карданист. Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз роҳбарияти Ҳизби  мамнуъгаштаи террористию экстремисти ҲНИ  ҳамкоронашро бо  ташкилоту ҳизбҳои дигари  иртиҷоии хориҷӣ  боздошта ба онҳо ягон иртиботе надорад. Аммо ҳамаи ин  дуруғу сафсатаи маҳз аст. Аслан гирем ҳама он андешаю пешниҳодоте, ки аз ҷониби роҳбари ҲҲӣ ба миён меояд ва мавриди  муҳокимаи  наздикони онҳо дар бархе аз кишварҳои исломӣ ба вуқҳъ мапайвандад, маҳсули афкору зеҳнияти онҳо набуда аз  барномаҳои тайёри ҳаматарафа  тарҳрезигардидаи  доираҳои  муайяни  иртиҷоӣ гирифта шуданд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо бо ҳар роҳи восита аз минбарҳои хоҷагони худ  рушду муваффақиятҳое, ки дар  илму иқтисод, фарҳангу сиёсати мардуми шарифи Тоҷикистон бо оҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварданд  нодида гирфита  бо «Сӯзу гудоз» аз камбудиҳои  ҷомеаи тоҷик сухан меронанд. Пешрафти кишвари моро  наҳ мезананд, айбҷӯӣ мекунанд, чихеле, ки  дар урфият мегӯянд, «Айбҷӯӣ хоси заифон аст».

Дар фарҷоми ибрози акидаҳо гуфтанием, ки дар ҷомеаи имрӯза камбудию нуқсонҳо дар баробари ҳама он муваффақияту бунёдкориҳо ва созандагиҳо ҷой доранд. Аммо мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат дар ҳалли ҳама он камбудиҳои ҷойдошта ба  ба маслиҳатҳои Кабирию ба Кабирӣ монанд роҳбарони Ҳизби террорстию экстремистии Наҳзати исломи ниёз надоранд.

 

                                                                                                                Абдулҳамид Маҷидзода

Ҳеҷ овозе нест