АВВАЛИН ВОХУРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

s1.JPG

13 декабри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо вохурии аввалин доир намуд. Дар ҷаласа вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия баррасӣ шуд. Мӯҳтарам Раҳматзода бо мушкилию пешравиҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, экологияву кишоварзӣ ва якчанд масъалаҳои мақомотҳои қудратӣ шинос шуд. Раис қайд намуданд, ки Фархор ноҳияи наздисарҳадӣ мебошад ва ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯза якҷоя шуда бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа, хусусан бар зидди терроризму экстремизм мубориза бурда, барои амну осоиши кишварамон бояд бетараф набошем. Инчунин барои пешравии иқтисодиёти ноҳия, ба кор даровардани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ба масъул дастурҳои мукаммал дод.

s2.jpg
Ҳеҷ овозе нест