Бепарвоӣ ва бетарафӣ фарзандонамонро ифротгаро мекунад

Аҷаб рӯзгоре ба сари башарият омад. Анқариб дар 50 – 60 фисади олам ҷангу куштор, гурусгагию дарбадарӣ. Ироқ маркази тамаддуни инсонӣ буд, ҳар рӯз куштор, Сурия, Либия, Миср, Афғонистон, Украина озодатарин кишварҳои  дунё буданд, бузургтарин олиму уламо ва сиёсатмадорон дар ин кишварҳо зиндагӣ мекарданд, аммо пеши бадбахтии миллату давлатҳояшонро гирифта натавонистанд. Баръакс, бештаре аз шаҳрвандони ин кишварҳо (аксаран ҷавононашон) шомили ин ҳарбу зарбҳои хунин шуданду ба миллату давлаташон хиёнат карда, ҳисороти зиёди иқтисодӣ, ҷонӣ ва фарҳангӣ расонида истодаанд, ки таъсири бадашро ба  Тоҷикистони мо низ  то андозае расида истодааст.

 Таҳмилгарон тибқи нақшаҳои пешин он  қадар дар дилу дидаи иддае аз ҷавонони мо роҳ ёфтанд, ки  аллакай онҳо ҳатто аз падару модар, хешу табор, аз Ватан рӯй гардониданд ва алайҳи ин ватан ҷиҳод эълон ҳам карданд. Гумон мекунам, дурусттараш бе ягон гумон мо дар тарбия заифӣ кардем, насламонро дар маҷмӯъ мақсаднок тарбия дода натавонистем. Шояд аз коҳилии падару модар, муаллим ва ҷомеа буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ғайриқонунӣ, равия ва мазҳабҳои ғайри мусулмонӣ,  ба урфу одатҳои диннии мо  халал ворид намуданд. Бибунед, ки  ҳатто шоир Саъдии Шерозӣ дар боби тарбия ба падар  чӣ таъкид кардааст:

  Агар хоҳӣ номат бимонад ҷовидон,

  Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.

  Хирадманду парҳезкораш бидор,

  Агар дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.

  Биомӯз фарзандро дастранҷ,

  Агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.

  Шарте дорем – «агар». Ин шарт иҷро мешуд, насли мо саддарсад тундгаро, исломситез, салафӣ ва наҳзатӣ намешуд. Ҳеҷ гоҳ аз қафои он душманони миллаташ намерафт. Инсони бошуури неку созанда, таълиму тарбия гирифта ҳаргиз ба хотири пулу пайса аз миллату давлати хеш, аз падару модари азизаш рӯй намегардонад. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони Афғонистон то вопасини нафас дар орзуи истиқлолияти кишвару миллаташ буд. Ҳатто дар ин роҳ  қурбон шуд. Дар дафтари хотироташ навиштааст:

 «Барои  ҳаёти моддӣ ҳама чиз метавон дошт. Об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурӯри милии мо дарҳам шикаста шуд, агар истиқлоли мо нобуд шуд, дар он сурат ин зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт». Пас бароит Кабирии бо ном мартабаи олимӣ гирифта чӣ зарурат дошт, ки бар раъйи падару модар, миллату давлати хеш барояд. Аз ҳамон кишварҳое, ки хоҷагонашон онҳоро маблағгузорӣ мекарданд, имрӯз ин курнамакон ба сӯи миллату давлати Тоҷикистон бешарафона санги маломат мезананд. Охир, чӣ мегӯем, ки «аз мост, ки бар мост». Боз омада ба сари   тарбияи фарзанд қарор мегирем, ки  мо чӣ гуна тарбия кардем. Саволи матраҳ ҳам ҳамин аст, ки  чаро аз уҳдаи тарбия набаромадем. Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ» доир гардида буд. Акнун, андаке маълумот аз рафти натиҷагирии  ин конфронсро манзури хонанда мегардонам.

   Дар конфронс масъулини вазорату идораҳо, олимону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, алайҳи ифротгароиву тундгаройии динӣ, ки аслан ҷавононро фаро гирифтааст, изҳори нигаронӣ  намуданд. Сонӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зикр намуд: ки 394 нафар сокинони вилояти Суғд дар сафи диишчиёни Сурия шомил шудаанд. Иддае аз онҳо бо зану фарзандонашон рафтаанд.

    Дар  нимасоли 2016 130 нафар аъзои ҳаракатҳои экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳамчунин алайҳи 16 нафар имом- хатибон ва ходимони масҷидҳои вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

 Соли ҷорӣ ба 74 нафар шаҳрвандони ноҳияи Исфара барои андешаҳои экстремистӣ – террористидошта ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил кардани давлати исломӣ 43 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

 Дар маҷмӯъ, иброз дошта гуфт Худобердӣ  Холиқназаров, айни замон дар сафи диишчиёни Сурия бештар аз 1100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд, ки боиси нигаронӣ аст.

  Дар ин раванд, ки гунаҳкор? Чӣ тавре, ки дар  ибтидои сухан гуфтам, коҳилӣ ва бепарвоии падару модарон, калонсолонамон, имом – хатибонамон, ҳоҷиёнамон, муаллимонамон, идораҳои қудратиамон, ҳатто мақомотҳои ҳукуматиамон мебошад. То ҳамонҷое бепарвоӣ ва бетарафӣ кардем, ки имрӯзҳо бароямон ташвишовар шудааст, ҳатто пеши роҳашонро гирифта натавониста истодаем ва боз изҳори нигаронӣ ҳам мекунем. Аз кӣ?!

  Бисёр ташвишовар аст, ки фарзандонамон ғайрирасмӣ дар мактабҳои динии кишварҳои исломӣ мехонанд. Онҳо  чӣ мехонанд, онҳоро чӣ таълим медиҳанд ва киҳо таълимашон медиҳанд? Барои мо падару модарон номаъмум аст, мо  намедонем. Ҳамин  қадараш маълум аст, ки фарзандони мо бегуфтугӯ дар самти таълими онҳо медароянд. Ҳатто ҷояш ояд аз фарзандии мо даст мекашанд. Бо чӣ қадар фаҳмондадиҳиҳои зиёд кормандони амният, милитсия, суду прокурор ва мақомати ҳукумати ноҳия, махсусан кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз 62 ҷавони дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ мехондагӣ 57 нафарашон ба ватан бозпас гардонида шуданд. Лекин 5 нафарашон Азизуллои Абдуғаффор аз деҳаи Ботур Давлати Ҷ/д «Ғайрат», Ваҳҳобов Олим аз деҳаи Гулшани Ҷ/д «Гулшан», Халилов Амиршо аз деҳаи Меҳрободи Ҷ/д «Дарқад», Хоҷаев Қурбоналӣ аз деҳаи Меҳрободи Ҷ/д «Дарқад» ва Ҳусейнов Ғайраталӣ аз деҳаи Некманзари Ҷ/д «Ғайрат» дар Мисри Арабу Эрон  ҳоло ҳам ғайрирасмӣ таҳсил доранд. Пас онҳо ифротгаро нашаванд, боз кӣ мешаванд. Падару модарон хуб донанд, ки мартабаи одам будан аз мусалмон будан пеши Худо афзалтар аст:

   Ҳазорсола роҳест аз ту мусулмонӣ,

   Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

                                            А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест