Раҳгумзадагон бадбахтонанд

Имрӯзҳо терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ дар ин ё он гӯшаи гуногуни ҷаҳон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби ҷаҳониён гаштааст. Дар дунё имрўз ягон давлате нест, ки аз амалиёти даҳшатафзои террористу ифротгароён дар ташвишу таҳлуқа набошад. Зеро амалҳои хатарзои террористону ифротгароён иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар мамлакатро ба поён бурдаву ҳатто ба нестӣ мерасонад ва боиси марги садҳо ҳазорон одамони бегуноҳ мегарданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки «Ҷавонон ояндаи давлат мебошанд». Аз рўзҳои нахустини сари қудрат омаданашон мардуми шарифи мамлакатро даъват менамуданд, ки роҳи ободгароиву ватандўстиро пеш бигиранд. Президенти кишвар, хусусан, аз ҷавонони имрўза умедҳои басо калон доранд. Беҳуда нест, ки аз ҷониби Пешвои миллатамон соли- 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуда буд ва тақдиру сарнавишти насли ҷавон доиман мавриди таваҷҷуҳи ўст. Дар ин як сол аз ҷониби ҷавонони кишвар корҳои зиёди ободгариву созандагӣ ва ташаббусҳои нав ба нави ватандўстона ба миён омадаву ба сомон расонида шуда буд. Вале боиси афсӯс аст, ки дар байни ҷавонони мо низ ашхоси камандешу гумроҳзада кам нестанд. Чунончӣ, баъзе ҷавонон бинобар гумроҳиашон дар сафи ифротиёни ДИИШ ва дигар давлатҳои исломӣ дар ҷангҳо иштирок намуда, бисёрашон ҷони ҷавони худро бохтаанду мебозанд. Бадтар аз ин, чунин ҷавонон боз бисёр ҳамсолони худро аз роҳи дуруст бароварда, ба куштан медиҳанд. Баъзе ҷавонон ин кирдорҳои номатлуби худро бо номи «ҷиҳод» паҳн мекунанд, ки ин амал асло ҷиҳод нест. Ин қабил ҷавонон аз дини мубини Ислом огаҳии комил надоранд. Аз ин ҷост, ки ин дини муқаддасро ба манфиати худ ва ба корҳои зараровар истифода мебаранд. Ман, ки худ дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, ба воя расидаам, оқибатҳои ҷанги бемаънии бародаркуши солҳои 1992-1997-ро бо чашми худ дидаам. Аз деҳаи мо садҳо одамони бегуноҳ қурбон гардиданд. Чӣ қадар манзилҳои истиқоматии мардум ба коми оташ рафтанд. Ба бахти баланди тоҷикон Худованд ба мо фарзанди фарзонаи миллат - Сарвари муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд, ки аз рўзҳои аввали фаъолияташ ба сарҷамъ намудани халқи азияткашидаву парокандашуда кӯшиш кард. Ин кори саҳлу осон набуд. Вале азбаски худ дар дил меҳру муҳаббат ба миллату Ватан, ватандўстиву халқпарварӣ дошт, бо сад душворӣ ҳам бошад, тадриҷан ба мақсад расид ва миллати моро ба муроду ормонҳои таърихӣ расонд.

 Имрӯз Тоҷикистони мо як давлати обод, тинҷу осуда ва мутараққист. Дар солҳои Истиқлолият чӣ қадар пешравиҳо ба даст омаданд! Вазифаи мо, омўзгорон, аҳли ҷомеа ва волидайн дар он аст, ки ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия намоем. Онҳоро дар рӯҳияи ободгариву созандагӣ, руҳияи ватандўстӣ тарбият намуда, ба роҳи рост ҳидоят кунем, то роҳгумзадагони сиёсию чорсўйи зиндагӣ нагарданд. Танҳо ҳамон вақт мо метавонем сулҳу дустиро дар Ватани худ абадан мустаҳкам созем. Ин амалҳо, ба андешаи ман, вазифаи ҳар яки мост. Бояд ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои душманони берунаамон фирефта нашавем, ақли расои худро истифода бурда, дар ободонии Ватанамон бикушем.

Мўъминова Н., омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест