Иқдоми солинавии Раиси ноҳия

Дар арафаи ҷашни соли нави 2019 Раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам ба 58 нафар ятимони кулл ва нимятимони хонаи Бачагон, ба 9 нафар иштирокчиёни ҶБВ, 7 оилаи ниёзманд, 16 нафар кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ҳамчун оилаҳои ниёзманд ва 16 нафар беморони мутобиқгаштаи сил кӯмаки яквақтаи моддӣ расонид. Инчунин барои 8 дидбонгоҳи наздисарҳадии ноҳия, 37 нафар командони комунналӣ ва 45 нафар кормандони давлатӣ ва мақомот кумаки яквақтаи моддӣ расонид. 

Миёна: 1 (1 vote)