Ҳангомаҳои навбатӣ дар матлаби ҷамъбастии ифротӣ

Дар пойгоҳи хабарии ифротии Сайидюнус матлабе таҳти унвони «Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2018 барои опозитсиони тоҷик» нашр гардид. Муаллиф дар ҷамъбасти соли гузашта чанд нуқтаназари худро дар робита бо тими мухолифини тоҷик, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, иброз доштааст. Дар ин кор ҳам, Сайидюнус аз “отифат”-и наҳзатӣ истифода бурда, тамоюл ва часпоишашро ба ҳаракатҳои ба ном оппозитсонӣ, ки дар меҳварашон ҳамон гурӯҳи террористӣ қарор дорад, ба намоиш мегузорад.

Ў заҳмат кашида, листи бурду муваффақиятҳои наҳзатро дар соли ҳисоботӣ варақгардон намуда, дар нуҳ банд муваффақиятҳои ин ташкилаи моҷароҷўро арзёбӣ кардааст. Сайидюнус аз ҳангомаҳои навбатиаш дар матлаби ҷамъбастӣ хеле болидааст, зеро  ин “муваффақиятҳо” ба худи шахси ӯ ҳам мутааллиқанд. Ба ин “муваффақият”-ҳо таваҷҷуҳ намуда, чанд андешаи худро ироа медорем:

   1. Дар фазои расонаӣ ва маҷозии мо муддатҳост одати маъмулие ҳукмрон аст ва дар асоси он гурўҳҳо ва шахсони алоҳида нафаре авомфиреб ё ба истилоҳ, популистро  ҳангома мекунанд ва аз ин тариқ иттилооти нав пахшу нашр менамоянд. Дар панҷ-даҳ соли ахир дар фазои маҷозӣ ва расонаӣ чунин нафари популист роҳбари террористони наҳзатӣ мебошад, ки аз вай гурўҳҳои манфиатхоҳ имиҷи сиёсӣ ва иҷтимоӣ месозанд ва ўро доимо дар фазои маҷозӣ нигаҳ медоранд (албатта, барои саросар ҳазф нашудани исмаш аз саҳифаи хотираи тарафдоронаш). Ростӣ, ин василаи хуби фазосозӣ ва ба таври сунъӣ сохтану нигаҳдошти нуфуз ва репутатсияи набуда мебошад. 

    Маълум аст, ки саркардаи наҳзатиҳо аз соли 2015 дар феҳристи ҷустуҷўйи Интерпол ва пайгарди байналмилалӣ қарор дошт ва ба ҳамин наздикӣ хабари аз феҳристи мазкур бардошта шудани номаш дар расонаҳо интишор ёфт.  Аввал ин ки вай чи дар рўйхати Интерпол бошад ва чи дар пайгарди байналмилалӣ қарор надошта бошад, ҷинояткор маҳсуб меёбад. Дигар ин ки дар ҷаҳони муосир, ки кашмакашҳои қудратӣ ва султахоҳӣ дар авҷанд, ҳар кор шуданаш мумкин аст. Вобаста ба ин, шомил шудан ба феҳрист ва ҳазф шудан аз рўйхати ҷинояткорони Пулиси байналмилалӣ кори техникӣ ва замонист. Бо гузашти андак замоне феҳристҳо ва рўйхатҳо таѓйир меёбанд ва ҳақ ба ҳақдор мерасад. Бинобар ин, ҳаводорони наҳзатӣ набояд дилгарм бар он гарданд, ки роҳбари ҷинояткорашон аз феҳристи Интерпол ҳазф шуд – тамом вассалом. Ҳаводиси баъдиро мунтазир бояд шуд чун кори ҷаҳон ҳамин аст.

     2. Раҳбари наҳзатӣ ва ҳаммаслаконаш дар Олмон бо баҳонаи таҷлили 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ном Анҷуман ташкил карда, дар доираи он созмони нави худ – Эътилофи неруҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълом кард. Ин матлабро пардапўшона раҳбари ситоди баргузории "Ҳамоиши тоҷикистониён ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ” Муҳаммадсаид Ризоӣ арз дошта буд. Се соли ахир дар хориҷи кишвар раҳбари фирории ин гурӯҳи ҷинояткор ва гурўҳҳои дигари наҳзатмаоб, ки ифтихормандона худро «неруҳои оппозитсиюн ва озодандеши тоҷик» номида, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сархатти матолиби расонаҳои мустақил ва бавижа, сомонаҳои наҳзатиро таҳти ҳангомаю воҳима қарор медиҳанд ва аз ин тариқ миёни ҷомеа ва табақоти мухталифи иҷтимоӣ ҷойгоҳ ва нуфуз касб кардан мехоҳанд. Аз рўзи фирор ба хориҷ инҳо (аз ҳисоби муҳоҷирини тоҷик, ки ба иллати даст доштан дар ҳаводиси даҳшатбори сентябри соли 2015 ва соири ҷиноёт рахти муҳоҷират барбастаанд), бо истифода аз пуштибонии сиёсӣ, идеологӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии хоҷагони минтақавӣ ва хориҷӣ дар кишварҳои урупоӣ, бахусус Полшаву Олмон тазоҳуроту таҷаммуот доир карда, аз худ «озодандеш» метарошанд. Аз ҷониби доираҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ѓарбӣ додани минбари сиёсӣ ва таблиѓӣ ба ашхосе, ки дар раддаи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ қарор гирифта, пинҳонӣ алайҳи низоми секулоризм ё ба истилоҳ, дунявият мубориза мебаранд, ростӣ, боиси нанги демократияи  урупоӣ аст.

   Сомонаҳои таблиѓии наҳзатӣ аз ҳузури 300 нафар ширкаткунанда дар Ҳамоиши Дормундӣ иттилоъ дода буданд, дар ҳоле ки дар ин ҷамъомади хешовандон ва ҳамшарикони бизнеси саркардаашон ҳамагӣ 60 нафар ҳузур пайдо карда буд. Аз ин лиҳоз, изҳори назари ин гурўҳи кучакро наметавон ба унвони Ҳамоиш нишон дод ва дар атрофи он ҳангомапароканӣ кард. Дар кори Ҳамоиши Дормундӣ, ки онро ба таври кинояомез метавон «ҷамъомади хонаводагӣ» унвон дод, зиёиёни дар хориҷбуда Бахтиёр Аминӣ, Ҳафиз Бобоёр, Исфандиёр Назар ва амсоли инҳо, бо он ки ба Ҳамоиш даъватӣ буданд, ширкат наварзиданд, вале дар 25-километрии Дормунд гирд омада, иттиҳоди худро шўхиомез «Боѓ» (ин исми гузоштаи шоир ва равшанфикри миллӣ Исфандиёри Назар аст) унвон кардаанд ва зери чатри наҳзат нарафтани худро ҷасурона нишон доданд. Напайвастан ба ҳамоиши Дормундӣ ва эътирози ҷумлаи зиёиёни миллӣ маънои ба сифр баробар шудани талошҳои фаровони наҳзатиён дар чанд соли ахир ҷиҳати ҷалби ҷомеаи мадании хориҷӣ ба хостҳои онҳост.

     3. Ростӣ, кори баъзе доираҳои сиёсии ѓарбӣ ва созмонҳои байналмилалии аврупоӣ масхарабозие беш нест. Бубинед, ин гурўҳҳои сиёсӣ ва ба ном муҳофизини ҳуқуқи инсон ба хотири бемории набераи саркардаи террористон - Ҳамза Тиллозода сару садо баланд карданд, аммо сарнавишти ҳазорон-ҳазор ва ҳатто миллионҳо кўдаки бесарпаноҳи сайёра, ки бар асари ҷангу даргириҳои бемаънӣ дар ҳолати вахим ба сар мебаранд (ва дар шабонарўз ҳазорон нафар аз онҳо ҷон мебозанд), хоби бароҳати ин созмонҳоро намепаронад. Баҳсу мунозираҳои гарме, ки дар расонаҳо ва дигар васоити ахбори оммаи мустақил сари ин мавзўъ матраҳ гардид, то чӣ андоза манфиатпараст будани гурўҳҳоро ба намоиш гузошт. Магар занону тифлони курд, ки ҳамарўза дар вазъи номусоиди иҷтимоӣ ва маишӣ қарор доранд, созмонҳои ҳуқуқи инсонро ба ташвиш намеоваранд ё ки барои онҳо тақдири саркардаи наҳзатӣ ва хешони вай муҳимтар аз ҳама аст?! Мо нисбат ба набераи саркардаи наҳзатӣ, ки тифли маъсум аст, ҳеҷ нафрат ва бадбинӣ надорем (Ҳукумат ҳам ҳеҷ гоҳ бо тифлон ва он ҳам набераи раҳбари наҳзатӣ намеҷангад ва аз ин кор бурд ҳам намекунад), вале ҷойи нигаронӣ ин аст, ки чаро ба масъалаҳо яктарафа баҳо дода мешавад ва манофеи сиёсӣ, геосиёсӣ ва иқтисодию молиявӣ дар ҷойи аввал аст? Манзурам наҳзат аст, ки баъзе доираҳои ѓарбӣ аз он ба унвони абзори таъсиррасонӣ истифода мебаранд ва барномаҳои худро дар минтақа пиёда менамоянд.

    4. Қазияи Шабнам Худойдодова ва Ҳамза Тиллозода ба ҳам рабт доранд. Чанд муддат пештар дар мусоҳибае дар ҳамин сомонаи ифротии Сайидюнус, Шабнам Худойдодова гуфта буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кўдаки ў – Фотима мубориза бурд. Бубинед, мушкил танҳо кўдаки Шабнам ва набераи сарвари наҳзат асту бас. Дар дунё ҳазорон-ҳазор кўдак аз нарасидани оби ошомиданӣ, сатҳи баланди зўроварӣ, ѓуломӣ, бадрафторӣ ранҷ мебаранд, ҷойи зист надоранд, бесарпаноҳанд. Чаро созмонҳои байналмилалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанду ба овардани кўдаки Шабнам ин қадар пофишорӣ менамоянд? Посух яқин аст: Ин созмонҳо ба нафароне кумак мекунанд, ки ба манфиати онҳо кор мекунанд, вагарна чаро ба тақдири кўдакони дигар бетафовутӣ зоҳир менамоянд? Ҳангомаи овардани духтари Шабнам ва набераи саркардаи наҳзатро  ҳамаи расонаҳои дохилию хориҷӣ интишор доданд ва ҳатто назди худ пурсишеро матраҳ накарданд, ки чаро ба қазияи миллионҳо кудаки бесарпаноҳи сайёра расидагӣ намешавад?

     5. Аҷаб корҳое дар дунё сурат мегиранд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи наҳзатиёни бурунмарзӣ тааллуқ мегирад. Ҳама корҳо, мисли ин ки анҷом ёфтаанд ва кор ба таъсиси созмони нав - Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон расид. Бубинед, Кумитаи нав ҳам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таҷассум мекунад ва гўиё ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсӣ? Зиндониёне, ки ба тими наҳзат тааллуқ мегиранд ва дигар зиндониён, аслан ба дарди наҳзат ва доираҳои ба он наздик намехўранд. Дигар ин ки муҷриёни Кумитаи навтаъсис ҳам ба наҳзат ва афкори наҳзатӣ иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лиҳоз, ҳар чӣ дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доираҳои наҳзат наздик тааллуқ мегирад. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, ки аз ҷониби доираҳои махсуси хориҷӣ сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ мешавад, тайи фаъолияти семоҳа дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои густарда дар қариб 30 кишвари ҷаҳон саҳм гирифтааст. Акнун доираи фаъолиятро таваҷҷуҳ кунед: пикету флешмоб ва тазоҳуроти ба истилоҳ, густарда алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро феҳрист ва ҷинояткоронро реклама мекунад, аз созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои молию пулӣ ва пуштибонии сиёсӣ металабад ва саранҷом дар Аврупо паёми бегуноҳӣ пахш менамояд. Ин аст фаъолияти Кумитаи мазкур. Гузашта аз ин, Кумита маҷалла таъсис дода, барои он ки худ ва ҳаммаслакони ҷинояткорашро дар хориҷ реклама кунад, исми онҳоро феҳраствор зикр карда, ба ин восита бегуноҳии наҳзатро собит кардан мехоҳад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумита гуноҳҳои  набударо бар гардани Ҳукумати ҷумҳурӣ зада, холи сиёсӣ мегиранд ва дар фазои иттилоотии аврупоӣ яккатозӣ кардан мехоҳанд. Дар ҳоле ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мадании аврупоӣ ба ин навъ кумитаҳо ва созмонҳо, ки шуморашон ҳар рўз ба садҳою ҳазорҳо мерасад, аслан эътибор намедиҳад ва дар ҷараёни кори худ пайваста мекўшад. Аз ин ҷост, ки бо ташкили Кумитаҳо ва созмонҳои гуногун шумори муътаризони муҳоҷир намеафзояд, баръакс, ҳисоби анбўҳи нафароне, ки алайҳи ба ном оппозитсияи тоҷик мешўранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо “лаззат”-и паноҳ бурдан ба наҳзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парҳез мекунанд.

     6.Аввал ин ки афсари собиқи КДАМ Муҳаммадалӣ Расулов ҳаргиз Сноуден буда наметавонад. Меъёрҳо ва параметрҳои ихтисосӣ ва иктишофӣ дар ин маврид ба ҳам мувофиқ ва муносиб нестанд. Дигар ин ки дар дунё ин навъ ҳодисаҳо лак-лак сурат мегиранд ва будан ва ё набудани ин нафарон дар сафи кормандони амнияти миллӣ, ки ба давлат ва халқу ватан бетафовутанд, кори ҷиддиеро ҳал намекунад. Аз тарафи дигар, он чи ки Расулов аз тариқи навори видеоӣ пахш кард, бемантиқ буда, баёнгари воқеият нест. Биёед, ба масъала мантиқӣ бархўрд кунем. Қатли сарвари террористони наҳзатӣ ба Ҳукумат чӣ медиҳад? Ҳеҷ. Ба дунболи ин, раҳбари наҳзатӣ бо худии худ чӣ хатаре ба давлати миллӣ дошта метавонад? Нуфузи чашмгир ва ё мухлисони зиёде надорад, ки онҳоро алайҳи давлат савқ диҳад. Наҳзат аз ҷониби баъзе доираҳои сиёсии минтақавӣ ва ѓарбӣ мавриди истифода қарор мегирад ва инаш, воқеан, ҷойи нигаронӣ дорад. Ин аст, ки давлат ва мақомоти марбута муваззафанд масъаларо ҷиддӣ бигиранд ва чораҳои муассир андешанд. Масъулони наҳзатӣ созмони худро аз будаш зиёд нишон дода, ҳадс мезаданд, ки бо рафтани наҳзат фазои Тоҷикистон маѓшуш мешавад. Аммо фазо хубтар ва оромтар шуд, балки худи наҳзат дар маѓшушияти фазо саҳим будааст. Оромиши куллӣ дар фазои Тоҷикистон баъди ҳазфи ҳизби наҳзат аз листи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон имконпазир гардид. Бинобар ин, Расулов ҳар чӣ гуфт, ба виҷдону имонаш ҳавола мекунем. 

       7.Наҳзатиҳо ҳамеша аз приёми сиёсии иѓво истифода мебаранд, то Ҳукуматро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ бад муаррифӣ созанд. Дар нишасти соли 2018 дар Варшава (конфронси солонаи САҲА дар назар аст) ин навъ провокатсия аз тарафи неруҳои наҳзатӣ тарҳрезӣ гардида, мавриди иҷро қарор дода шуд. Онҳо аз қабл чунин равиши корро барномарезӣ намуда, масъулини ҳукуматиро ба ҳассос шудан водорониданд. Вале ин маънои онро надорад, ки Ҳукумат ба иѓвогариҳои наҳзатӣ дода мешавад. Хуб, чӣ коре шуд? Як-ду авбоши наҳзатӣ, ки шиор медоданд, латукўб шуданд. Ин мазмуни кори давлат ва Ҳукуматро дар қиболи наҳзат дигар намекунад. Наҳзат тими иѓвогар буду ҳаст ва дар Аврупо аз приёмҳои нав ба нави иѓвогарии сиёсӣ кор мегирад. 

      8.Раҳбари наҳзатӣ баъди талошҳои зиёд, бакорандозиҳои найрангҳои сиёсию тиҷорӣ созмонҳои марбутаро дар мисоли роҳбарони се созмони мухолиф (дар асл ин созмонҳоро худашон таъсис додаанд)– ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таъсис додани ба ном Паймони миллии Тоҷикистон водошт ва санаи 9 сентябри соли 2018 Эъломияи онро ба имзо расонда, хумори чандинсолаашро бишкаст. Аммо, ба иллати шинохтани симои воқеии раҳбарияти наҳзатӣ, ду созмони дигар – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва “Гуруҳи 24” аз пайвастан ба Эътилоф ва ба ном Паймони миллӣ (ИНОТ-2) имтиноъ варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки наҳзатиҳо миёни дигар гурўҳҳо ва созмонҳои хориҷӣ аз эътибори ҷиддӣ бархўрдор нестанд. Аз ин ҷост, ки эътилофи дуруғини онҳо муваффақ нахоҳад буд ва умри дарозе нахоҳад дошт, чаро ки ба он ҳатто тарафдорони имрўзиаш ҳам эътимоди решаӣ ва бунёдӣ надоранд.

    Ҳамин тариқ, таъсис ва қабули Эъломияи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аз «иқдом»-и навбатии наҳзатиҳо  маҳсуб меёбад. Ҷойи гила он аст, ки баъзе созмонҳои хориҷӣ бештар атрофи худ гурўҳҳои тундрав, моҷароҷў, фурсатталаб, иѓвогар, дасисабоз ва хурофотии наҳзатиро гирд оварда, ба афроди беҳувият, худбохта ва авомфиреб минбару майдони сиёсӣ медиҳанд. 

      9. Воқеан, санаи 10 декабри соли 2018 бо ибтикори ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҷамъомади террористони наҳзатӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Берлин баргузор шуд. Аммо аз қабл маълум буд, ки муҷриёни тарҳи ин тазоҳурот чӣ гуна ашхосро ҳамчун зиндонии сиёсӣ муаррифӣ месозанд ва озодии ононро тақозо менамоянд. Исми нафароне, ки ба унвони зиндонии сиёсӣ гирифта мешавад, аслан, ба масъала иртибот надоранд. Иртиботашон ба наҳзат ва доираҳои ба он наздик аст. Аз ҷониби дигар, банду зербандҳое, ки номбаршудагони наҳзатӣ зиндонӣ шудаанд, сиёсӣ нестанд. Аммо барои тобиши сиёсӣ додан ба масъала ва аз баъзе доираҳои муайяни аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии ѓарбӣ пуштибонӣ ёфтан муҷриёни барномаҳои  тазоҳуротии наҳзатӣ шиорҳои сиёсӣ дармедиҳанд, то қазияро  бештар ҷанбаи ҳангомавӣ бидиҳанд ва аз он басифати абзори  будубоши минбаъдаи худ дар Аврупо истифода намоянд. Нафарони мавриди назари мухолифин – Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров бар асоси ҷиноёте, ки муртакиб шудаанд, зиндонӣ шудаанд ва дар таркиби ҷиноёти онҳо тобишҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Аслан, ин тоифа чӣ салоҳияте дорад, ки назди Ҳукумат талаботи бепоя вомегузорад ва иҷрои бечунучарои онҳоро тақозо мекунад? Дақиқан, шумори зиёди муҳоҷироне, ки ба тазоҳурот аз ҳар кунҷу канори Олмон тавассути дастгоҳҳои таблиѓии наҳзатӣ даъват шудаанд, ба маъною муҳтавои ин амали  наҳзатӣ сарфаҳм нарафтанд ва танҳо дар он ҷо  даст афшонданду халос.  Дар дохили тазоҳургарон танҳо чанд нафар наҳзатӣ машѓули ба низом даровардани фаъолият буданд ва аз ҳар тараф намоишро коргардонӣ мекарданд. Ин бозии навбатии наҳзатиҳост, ки чандин маротиба таҷриба шуда, алҳол натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст. 

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созишномаву қарордодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аст ва дар асоси талаботи қавонини ҷойдошта ба қазияҳо расидагӣ мекунад ва ниёзе ба «мушовирон»-и берунӣ надорад. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми санад ва қарордодҳои минтақавӣ ва байналмилалие, ки рўйи онҳо имзо кардааст, арҷ мегузорад. Албатта, дар ҳама кишвар мушкил вуҷуд дорад ва доираҳое ҳастанд, ки ба хотири бадном сохтани сохти давлатӣ ва мақомоти қудратӣ «иқдом» мекунанд. Аммо чанд нафар авомфиреб ва фирорие  имрўз дам аз озодӣ ва демокросӣ мезананд, ки дар кулвори худ ба ҷуз риёву хурофот чизи дигаре надоранд. Суханони муҷриёни барномаи тазоҳуроти наҳзатӣ ин нуктаро собит месозад, ки онҳо, аслан парвои миллату халқ надоранд, барои онҳо танҳо манфиатҳои шахсию гурўҳӣ муҳиманд ва барои амалӣ гардидани тарҳи манофеъ аз ҳар воситаи машрўъ ва номашрўъе истифода мебаранд, то ба аҳдофи худ бирасанд. 

         Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар

         2 январи соли 2019

Ҳеҷ овозе нест