ПАЁМЕ, КИ ПАЁМИ ЗИНДАГОНИСТ!

ПАЁМЕ, КИ ПАЁМИ ЗИНДАГОНИСТ!

 D.S_2.jpg

 

Мурғи бахти мо кушояд бол аз нав,

Умри мо дар худ бубинад фол аз нав.

Кӯҳнапардозӣ биёбад ҳол аз нав,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Нанги Роғунсозӣ авҷи тоза гирад,

Дар ҳақиқат шуҳраву овоза гирад,

Завқ ҳам неруи беандоза гирад,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Бори каҷ дигар наёбад роҳи манзил,

Ростӣ осон кунад ҳар кори мушкил,

Ҳар чӣ дар дил буд, нишинад боз бар дил,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Мешавад аз тарбият ҳам ақл солим,

Беадаб одоб мегирад зи олим,

Сангдилро меҳр месозад мулоим,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Оҷиз охир мешавад зӯру тавоно,

Соя аз хуршед мегардад муҷалло,

Мешавад гумгашта аз нав боз пайдо,

Аз Паёме, ки Паёми ормонист.

 

Кўр ҳам бо чашми дил оина бинад,

Дўст охир хасми худ бе кина бинад.

Меҳр ҷои хешро дар сина бинад,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Дард ҳам ғофил намонад аз табибаш,

Халқ хушнуд аст доим аз ҳабибаш.

Ризқи худ ҳар кас бубинад аз насибаш,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Ақл дигар дар замин бинад фалакро,

Гавҳари иқбол бинад мардумакро,

Арҷ бояд ҳар нафас нону намакро,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

 

Мо зи сад Қорун фузун сармоя дорем

Беҳ зи хеши дури худ ҳамсоя дорем,

Мо зи хуршеди муҳаббат соя дорем,

Аз Паёме, ки Паёми зиндагонист.

Меҳани обему кӯҳи обрўем,

Минбари номусу зеби гуфтугўем,

Қалби саршори умеду орзуем,

Аз Паёме, ки Паёми ҷовидонист.

                                           ДАВЛАТ САФАР

Ҳеҷ овозе нест