Ифротиёту террористон чӣ мехоҳанд?

Мусаллам аст, ки “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” ҳамон ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки зуд-зуд дар кишварҳои аврупоӣ бо номҳои гуногун зуҳур мекунад. Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ин ташкилоти террористӣ-экстримистӣ ин дафъа бо миссионерҳо ва ҳампаймонҳои мазҳакавияш зери ниқоби «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарии марбут ба ин ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон доштааст, ки санаи 10.12.2018 дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон соати 1000 гирдиҳамоӣ ташкил мекунад. Бо ин мақсад аз Ҳукумати Тоҷикистон ду дархост ва аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои шарикони аврупоии Тоҷикистон ду дархости дигар намудааст.

Дархости аввал ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд зиндониёни сиёсӣ: Зайд Саидов – роҳбари гурӯҳи нотаъсисӣ «Тоҷикистони нав», Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ТТЭ ҲНИ ва Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои ТТЭ ҲНИ-ро аз зиндон озод намоянд.

Нахуст, бояд қайд намуд, ки аз озодӣ маҳрум шудани Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров дар заминаи содир намудани ҷиноят ва хиёнат ба давлату миллат ба амал омадааст. Сониян, дар ягон банди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «Зиндонии сиёсӣ» наомадааст ва вуҷуд надорад. Мафҳуми зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонҳо танҳо тахайюли сохтаи наҳзатиҳо мебошад, ки мафҳуми чанд нафар «Одамони худӣ»-и онҳо аст. Аниқтараш зиндониёни сиёсӣ ва гаравгон гуфта ин тоифа танҳо онҳоеро дар назар доранд, ки дар тими наҳзатӣ хидмат кардаанд.

Дархости ғайримантиқии дигари онҳо ин аст, ки Тоҷикистон рӯйхати фавтидагони ҳодисаи зиндони Хуҷандро ба онҳо ироа бидоранд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аввал ин ки шумо ки ҳастед, ки Тоҷикистон ба шумо кӣҳисобот диҳад? Ин масъала марбут ба Тоҷикистон аст ва ягон кишвар ё созмоне дар ин масъала ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Дахолат дар ин қазия дахолат ба сиёсати давлати соҳибистиқлол мешавад.

Аз ин хотир, ҳодисаи дар зиндони Хуҷанд бавуқӯъпайваста масъалаи сирф дохилист ва мақомоти дахлдори давлатӣ онро мунсифона баррасӣ карданд. Ҳамчунин, ба хотири шаффофияти ин қазия Тоҷикистон аз як қатор кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар даъват ба амал овард, ки омада аз асли ҳодиса шинос шаванд ва ҳаққонӣ баҳо диҳанд. Дар Иттиҳоди Авруппо низ ин масъаларо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин баррасӣ намуд. Ёдовар шуд, ки аз 25-нафари фавтидагон 2 – кас муҳофизони зиндон ва 23 нафар зиндониёни махсусан хавфнок буданд, ки аъзои созмонҳои террористӣ-экстремисти аз қабили ДИИШ буданд ва дар таркиби ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо терроризми мазҳабӣ дида мешавад. Агар дар дилхоҳ давлат дар зиндонаш чунин ҳодиса рӯй диҳад, бархурд бо чунин ҷинояткорони хавфнок таври дигар буда наметавонад. Аз мантиқ дур аст, ки ҳангоми низоъ ва кашмакашиҳои террористонону экстримистони мазҳабӣ дар зиндон кормандони зиндон ба онҳо ягон бархурд нишон надиҳанд. Магар  ба онҳо иҷозат бидиҳанд, ки кормандони зиндонро ба пуррагӣ қатл бикунанд?

Дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон низоъ, кашмакашҳо ва фирор аз зиндон як ҳодисаи муқаррарӣ аст ва касе аз чунин ҳодисот ҳангомаю воҳима намесозад, ба ҷуз фурсатталабони ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ махсусан Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Саидюнуси Истаравшанӣ.

Ҳадаф аз дархости аввал ба пуррагӣ фаҳмо буд, ки мехоҳанд «Одамони худӣ»-ро аз зиндон раҳо бикунанд ва ба ин васила худро ҷабрдидаву гиребони ифлоси худро покиза нишон бидиҳанд, аммо дар дархости дуюм  нуқтаи норӯшан ин аст, ки чаро ин Кумитаи дурӯғин барои ироа намудани ин рӯйхат пофишорӣ дорад?! Ёдовар мешавем, ки баъди як рӯзи ба вуқӯъоии қазияи зиндони Хуҷанд ДИИШ масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш гирифта буд. ДИИШ ташкилоти байналимилалии террористӣ–экстримистӣ аст. Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Данғараро низ ДИИШ ба уҳда гирифта буд, аммо тафтишот нишон дод, ки тарроҳ ва ташкилкунандагони ин ҳодиса ТТЭ ҲНИ мебошад. Аз инҷо бар меояд, ки ТТЭ ҲНИ  ва ДОИШ бо ҳам алоқаи зич доранд.

Дархости дигар ин аст, ки онҳо аз шарикони Тоҷикистон дар Авруппо хостаанд, то ки онҳо ба Тоҷикистон кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиро қатъ бикунанд.

Ин аблаҳон иддао доранд, ки гӯё Тоҷикистон бо кӯмакҳои молию иқтисодии давлатҳои авруппоӣ дигарандешони сиёсиро саркӯб мекунанд. Воқеан ҳам, иддаои онҳо хандаовар аст. Шояд ин Кумитаи дурӯғини наҷоти гаравгонҳо ва зиндониён  фикр кунанд, ки дар сари давлатмандони аврупоӣ мағзи хар бошад, ки маблағҳоро бе нақшаву барнома ба давлатҳо ҳамту бидиҳанд. Ин иддаҳои онҳо дурӯғи маҳз аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ягон дигарандешро саркӯб накардааст ва ягон дирамро барои чунин шахсон масраф накардааст. Ҳама қарзҳо ва грантҳои давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ мақсаднок истифода шудааст.  

Аслан Кабирӣ, Истаравшанӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар ҳаммаслакони онҳоро, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбути онҳо маводҳоеро нашр мекунанд, ки як Кумитаву созмони нави дурӯғину мазҳакавиро таъсис додаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро бо ин созмону Кумитаҳои дурӯғинашон дигарандешон ва мухолифони сиёсӣ номид. Инҳо худро таърифу тавсиф карда, чунон бузург нишон медиҳанд, ки гӯё як қувваи сиёсии ҷиддӣ бошанд ва бояд аз инҳо тарсид. Аммо ҳақиқати ҳол ҳамин аст, ки онҳо як шумораи хеле кам ҳастанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар кадоме бо садҳо номҳои мустаъор саҳифаи Фейсбук кушода, баромад мекунанд. Махсусан, Муҳамадиқболи Садриддин постҳоро дар саҳифаҳои Фейсбук ва сомонаҳои иғвобарангези худ нашр намуда, боз худашон бо саҳифаҳои мустаъори худ дар он мавзӯҳо баҳсҳои ҳангомабарангезро роҳандозӣ менамоянд. Ин стратегияи онҳо аст. Дар сурати нафари ғайри худӣ дар постҳои онҳо ақидаи худро иброз намиданд, зуд онро ба рӯйхати сиёҳ ворид менамоянд. 

Ҳақиқат ин аст, ки дар чашми мардуми Тоҷикистон Ташкилоти террористӣ-экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ як чеҳраи шум, хиёнаткору меҳанфурӯш, ҳуввиятбохтаю мазҳабфурӯш шинохта шудааст. Ниқоб аз чеҳраи шуми инҳо кайҳо афтодааст. Ҳатто борҳо аъзои Раёсат ва дигар шахсони воломақоми ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ аз замони таъсисёбияш фаъолиятҳояш берун аз Оиннома будааст, ҳамеша ниятҳои нопоку разилона доштааст, ҳамеша супоришҳои кишварҳои хориҷиро бо гирифтани маблағи ночизе иҷро мекардааст. Ҳамин аст, ки зуд – зуд ин аблаҳон чеҳраи худро тағйир дода, бо номҳои гуногун зуҳур мекунанд ва ба тариқи ВАО барои бадном кардани давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баромад мекунанд.

Ҳадафи ниҳонӣ аз ташкили роҳпаймоии ин Кумитаи дурӯғин ин аст, ки ҳукумати Олмон аз ҳадафу ниятҳои нопоки чунин муҳоҷирони бо ном «сиёсии» дурӯғин огоҳ гашта, дарк намудааст, ки ин ифротиён метавонанд шаҳрвандони Олмонро фирефта намоянд ва зери таассуби динӣ қарор диҳанд. Аз ин ҷиҳат ҳукумати Олмон сараввал ба онҳо бо лафзи ширин ҳушдор додааст, ки ҳар муҳоҷири бо ном «сиёсӣ» агар ба ватани худ баргардад, роҳкиро ва хароҷоти яксолаашонро дар ватанашон пардохт мекунанд. Дар сурати бар нагаштан ба Ватани худ аз Олмон ронда мешаванд. Ин иқдоми ҳукумати Олмон барои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш баробар бо марг аст. Аз ин лиҳоз, ин Кумитаи дурӯғин мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро сӯйи худ ҷалб намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон худро ҷабрдида ва гиребони ифлоси худро покиза нишон бидиҳанд ва барои сукунати доимии худ дар Олмон заминагузорӣ намоянд.    

Шаҳбози Искандар

Миёна: 6 (1 vote)