ПАЁМ – ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

DSC.JPG

Санаи 08-01-2019 дар маҷлисгоҳи Ҷамоати Деҳоти “Ватан”-и ноҳияи Фархор ҷаласаи калон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини раиси ҶД “Ватан” Ҳамидов Ҷурабек кушода, иштиркочиёнро хайрамақдам гуфт. Дар ҷаласаи мазкур Сармуҳаррири маҷаллаи “Гулистон” – Маҷидзода А. суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки дар пайёми имсолаи аз ҷониби Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсиб расида дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии мардуми тоҷик аҳамияти калон дорад. Оиди  дар санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор даровардани агрегати аввали НБО-и Роғун ҳамчун ҳаёту мамоти кишвар, беҳтар гардидани муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Узбекистон, ва дигар  мавзуҳои рузмарра, ки Пешвои Миллат дар паёми навбатиаш дар минбар маъруза намуд, суханронӣ намуд.

         Дар ҷаласаи мазкур Талбова Дилором, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор баромад намуд. Ӯ қайд намуд ки дар паёми имсола Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан оиди занону модарони тоҷик суханронӣ намуда, хоҳиш намуд ки тарбияи фарзандону насли наврасро дуруст ба роҳ намоянд. Инчунин оиди риояи занони ноҳия дар танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, оиди пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, ва дигар мавзӯъҳои имрӯза суханронӣ намуд.

D.JPG

         Инчунин Мирзоев Хуршед, мудири бахши дин, анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуд. Вай зикр намуд ки ҳар як шаҳрванд, хусусан волидон масъуланд, ки имрӯзҳо бояд дар назорати фарзандону ҷавонон бошанд, то ки шомил ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ нашаванд. Ин чунин дигар мавзуъҳои дахлдор ки дар паёми навбатӣ омада буд, дарҷ гардид.

Ҳеҷ овозе нест