Мубориза бо террор

Дар замони муосир яке аз шаклҳои таъсиррасони абарқудратҳо ба кишварҳои дар доираи манфиаташон қарорнадошта заминагузории амалҳои террористӣ ва ба мағзи ҷавонон ворид намудани ақидаҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ вазифаи ҳар инсони соҳибмаълумоту таҷрибадор аз он иборат аст, ки барои тарбияи солими насли наврас кӯшиш ба харҷ диҳад ва нагузорад, ки бар асари амалҳои номатлуби онҳо ватани азизи мо ба гулшани тороҷдида мубаддал гардад.

Як ба гузаштаи начандон дуртари давлати соҳибистиқлоламон назар кунем, мебинем, ки дар ҳама маконҳои шӯру иғво, аслан наврасону ҷавонон ба гумроҳӣ ҷалб шуда буданд. Тавассути таблиғоти пурзӯри муллоҳои салафӣ ва Ҳизби наҳзат баъзе ҷавонон гумроҳ шудаанд, дар сар ақидаҳои зиддимиллию зиддӣ давлатиро мепарвариданд. Ва ин ҷавонон ҳамонҳое буданд, ки на дар хона ва на дар мактаб таълим ва тарбияи дуруст нагирифта буданд. Дар мафкураи чунин ҷавонон ватану миллат мазмуни ҳамон ҳизбу мазҳаби дурӯғинро дошт ва парастиши чунин ҳизбу мазҳаби террористӣ ва ифротӣ аз ватану миллаташ боло истода буд.

Ҳамин буд, ки ба ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷалб кардани ҷавонони ноогоҳ осон шуд. Натиҷаашро дидем, ки дар ин роҳ ҳазорҳо ҷавононамон қурбон шуданд, садҳо ҷавонони дигар дар кишварҳои Сурия ва Афғонистон ба ғуломи зархарид табдил ёфта, аз амали хеш пушаймон гаштанд, вале дигар худкардаро даво нест.

Соҳои озир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳо идома ёфта, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайри инсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст.

Бахусус, ки дар кишвари Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони гумроҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоясарҳад гардидааст.

Тоҷикистон ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ барпонукандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Мо – аҳли Тоҷикистон бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки озод ва дар фазои сулҳу суботи миллӣ осуда зиндагӣ мекунем. Имрӯзҳо ақлу хирад ва сиёсату мафкураи ояндасозамон таҳти сарварии марди оқилу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло рафтаасту талошҳоямон барои пешрафти иқтисодии мамлакат ва ободии диёр самараҳои хуб дода истодаанд.

 

Худойқулова Баҳриниссо, омӯзгори МТМУ №1

 

Ҳеҷ овозе нест