АНДЕШАҲОИ ШОИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИКИ ЗИНДАЁД БОЗОР СОБИР АТРОФИИ ФАЪОЛИЯТИ ТТЭ ҲНИ

«Ман аз  ҳилолу  чалипо дигар наяндешам,

 Ки фитнаи дигаре дар замири айём аст».

                                                       Иқбол

 Ду даҳсола ҳаёти шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир дар ш. Суэтли кишвари Калифорнияи Амрико мегузарад. Соли 2011 ба Тоҷикистон омада панҷ моҳ дар ватанаш мемонад. Шоми 5 декабри соли 2011 пеш аз ба Амрико рафтанаш ба рӯзноманигорон Т. Саидзода ва С Юсуфӣ атрофи фаъолияти ТТЭ  ҲНИ мусоҳиба доир намуда буданд. Мусоҳиба аслан хеле кушоду равшан ва хеле  самимӣ доир шуда буд.

 Пеш аз гуфтору андеша

Як зумра фарзандони нохалафи тоҷик аз худношиносӣ бо сиёсатмаобҳои хориҷи кишвар на танҳо гаравида шуданд, балки худро ба ивази пулу пайсаи  ҳаром фурӯхтанд. Бовар доштанд, ки бо кумаки онҳо Тоҷикистонро ба як давлати шиамазҳаби исломӣ табдил дод, ба ҳамаи омоли ифлосашон ноил мегарданд. Ба ин хотир садҳо фитнаю фасодҳо дар кишвари азизамон роҳандозӣ намуданд ва бо ҳамин миллатро ба кофиру мусулмон ҷудо карда аз чанд тараф сангарҳо гирифта, ба куштори мардум шуруъ карданд. Ин назҳатиҳои бо ном мусулмону аз Худованди бузург бехабар ростии фармудаи Офаридагорро таги по карданд. Бубинед, ки алломаи бузург Муҳаммад Иқбол чӣ мефармояд:

 Худоё, ҷуз ризои ту наҷӯям,

 Ҷуз он роҳе, ки фармудӣ напӯям.

Валекин гар ба ин нодон бигӯӣ,

 Хареро аспи тозӣ гӯ, нагӯям.

 Аз он зараре, ки аз ин худхоҳиҳо исломситезони ТТЭ ҲНИ дидем, ин 150 ҳазор аҳолии Тоҷикистонро талаф додем, ки талафоти калон буд. Шоир Бозор Собир аз ниятҳои сиёҳи наҳзатиҳои исломӣ дар кишвар хуб огоҳӣ доштанд.Ӯ иброз дошта гуфта буданд:

 - Агар ба ман вобаста мебуд, ҳизби диниро мебастам. Ҳамин чиз аз хотирам рафт, вагарна ба Президент бевосита муроҷиат мекардам, ки ҲНИ – ро  ҳатман банданд. Шояд пурсед, ки бо кадом далел? Бо далели он ки ягон ҷамъияти пешқадам чунин ҳизб надорад. Шоир гуфтааст, ки ҳама пайравони ин ҳизб мардуми ақибмондаанд. Агар Академик ҳам бошанду аз ҳамин ҳизб ҷонибдорӣ кунанд, ақибмондаанд. Агар зиёӣ бошад ҳам, дар асл як феодали асримиёнагӣ аст.

 Ҳама фикру андешаҳои шоири шаҳир Бозор Собир атрофи ҳизби ТТЭ ҲНИ росту дурустанд. Воқеан ҳам ташкил кардани ҳизби назҳати исломӣ ва як қисми ҷавонони камхираду камсаводу бесавод ва худношиноси миллатро шомили ҳамин ҳизб гардониданд, нияти бо зӯрӣ ташкил кардани давлати исломӣ доштанд ва бадтарин ҷиноят, ки содир карданд, бо кумак ва маблағгузории хоҷагони хориҷиашон Тоҷикистонро ба ҷанг кашиданд. Натиҷаи ҷангҳои ташкилкардаи онҳо ҳамин шуд, ки 150 ҳазор сокинони кишвар қурбони кашмакашҳои таҷовузкоронаи онҳо шуд. Шоире бисёр хуб гуфтааст:

 Кас натавонад  гирифт, домани давлат бу зӯр,

 Кӯшиши беҳудааст, усма ба абрӯи кӯр.

 Аз муаллиф:

 Ин ҳизби хуношомро бастанд, лекин дер. Ба ҳал ҳол шармандаю ради маърака шуданд. Дар тамоми дунё бо садҳо амалҳои бадтарин ҳизби террористию ифротгаро эълон шуд. Имрӯз ба мо лозим аст, ки насламонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, дӯст доштани миллату давлати соҳибистиқлол, худшиносию ифтихори миллӣ тарбия кунем. Нагузорем, ки ба ин миллату давлатамон газанде расонанд. Атрофи сиёсати хирадмандонаю миллатпарастонаи  Пешвои муаззами миллати муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷамъ бошем, баҳри ободию созандагии ин кишвар бо ҷон хизмат кунем. Бисёр ба маврид аст, ки як сухани сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъудро масал биёрам: «Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавед, ӯро гиромӣ  доред. Бадбахтии миллати афғон дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхору ҷасурро надоштем».

                                                                            А. Маҷидзода

Ҳеҷ овозе нест